Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ба Владимир Колокотсев, вазири корҳои дохилии Русия мактуб ирсол намуда, хоҳиш намудааст, ки ҷиҳати воқеъона баррасӣ намудани ҳодисаи “куштор дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митиши” ва таҳти назоратбарӣ қарор додани он мусоидат намояд. Дар ин бора ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ҳодисаи куштор, ки дар он шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаева гумонбар аст, рӯзи 4-уми январи соли 2023, дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав рух дод. Дар наворе, ки аз ин ин тарабхона бардошта шудаву паҳн гардид, дида мешавад, ки зане аз ҷониби як мард мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор мегирад ва барои ҳимоя худ, бо корд ба ҷисми марди ҳавлавар мезанад.
“Хотиррасон менамоем, ки як ошпази ин тарабхона шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаеваро бераҳмона лату кӯб намуда, нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ ва таҳқиру тавҳинро раво дида, шаъну шарафи ӯро паст кардааст ва номбурда маҷбур шудааст барои муҳофизати худ бо истифода аз корд ӯро ба ҳалокат расонад”, - гуфта мешавад дар мактуби ирсолнамудаи Рамазон Раҳимзода.
Гуфта мешавад, айни ҳол оид ба ин ҳодиса аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия тафтишот идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, расонаҳои русӣ, аз куштори ошпазе дар тарабхонаи “Хинкалная Тбилисо”, воқеъ дар шаҳри Митишии вилояти Маскав хабар доданд. Ҳодиса 4-уми январи соли 2023 рух дода, бино ба навиштаи расонаҳо шаҳрванди Тоҷикистон Сайёра Дусаева ошпазеро бо корд зада, ба ҳалокат расонидааст.
Баъдтар наворе паҳн гардид, ки ҳодисаи рухдодаро рӯшан менамояд. Дар навори паҳнгардида дида мешавад, ки зане аз ҷониби ошпази кушташуда мавриди хушунат ва бадрафторӣ қарор мегирад ва он заон барои ҳимоя худ ва номуси худ, бо корд ба ҷисми марди ҳавлавар мезанад. Он мард ба замин меафтад ва мемирад.
Бино ба иттилои mk.ru муноқишаи байни шаҳрвани Тоҷикистон ва ошпаз, аз як бадрафтории ошпаз оғоз мегардад. Гуфта мешавад, ки зан баъди он, ки ошпас бадани ӯро ламс мекунад, ба ғазаб меояд ва ба сари зани ҷавон ҳамла мекунад. Он зан барои ҳимоя худ, бо корд чанд маротиба ба қафаси синаи мард мезанад.
Ба навиштаи ин сомона, Сайёра як зани хуб буда, қаблан ягон маротиба бо касе ҷанҷол накарда буд. Бояд гуфт, ки зан дар тарбияташ як фарзанд дорад, ки дар синфи якум мехонад ва шавҳараш фавтидааст. Вале гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои Соли нав Сайёра бо ақди никоҳи мусалмонӣ шавҳари нав карда буд ва ҳамон рӯзи куштор ҳамкорон ӯро ба ин муносибат табрик кардаанд.
Ошпази фавтида зодаи Гурҷистон буда, дар ин қаҳвахона аз замони кушода шудани он, аз тирамоҳи соли 2022, кор мекард.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста