Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ягон ҳолати фавт аз истеъмоли доруҳои истеҳсоли ширкати Marion Biotech-ро ба қайд нагирифтааст. Ин ширкат доруҳореро чун "Док 1 МАКС", "Цинепар кид лайт", "Цинепар ибу кид", "Травамакс", "Траванайт", "Нолгрипп" ва ғайра истеҳсол мекунад.
Дар Хадамоти мазкур ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки доруи “Док-1 Макс”, ки дар Ӯзбекистон бар асари истеъмоли он 20 нафар кӯдакон ҳалок шуданд, аз дорухонаҳои Тоҷикистон гирифта шуда, ҳамаи муассисаҳои дорусозӣ ва доруфурӯшӣ уҳдадор шуданд, ки то эълони натиҷаҳои ташхиси лабораторӣ ба фурӯши чаканаи он роҳ намедиҳанд.

“Айни замон 208 дона шарбати 100-миллилитрии “Док-1 Макс” ва 269 дона ҳаб (таблетка)-и он дар озмоишгоҳ санҷида мешаванд”, - гуфтанд дар Хадамот.
Ба иттилои манбаъ, ширкати Marion Biotech-и Ҳиндустон аз соли 2000-ум дар бозори Тоҷикистон фаъолият дорад.
“Аз он замон то имрӯз аз муолиҷа бо доруҳои ин ширкат ягон ҳолати заҳролудшавӣ ё марги одамон дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст”, - хабар доданд аз Хадамот.
Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки ба ҷуз “Док-1 Макс”, боқимонда доруҳои ширкат озодона дастрас буда, дар ҳама гуна дорухона онҳоро харидан мумкин аст. Рекламаи онҳо дар телевизион низ идома дорад.
Ҳафтаи гузашта Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хатари шарбатҳои "Док-1 Макс" ва "Амбронол"-и Ҳиндустон, ки пастсифат буданашон дар Ӯзбекистон ошкор шуд, огоҳ кард.
Додгоҳ дар Ӯзбекистон иҷозатномаи ширкати Quramax Medikal - воридкунандаи шарбати “Док-1 Макс” ва дигар доруҳоро бекор намуда, мақомоти иёлат (штат)-и Уттар-Прадеш (Ҳиндустон) амали иҷозатномаи ширкати дорусозии Marion Biotech-ро боздоштанд.
Айни замон ба рӯзноманигорон, мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон муяссар намешавад, ки бо намояндагони ширкати Marion Biotech-и Ҳиндустон тамос бигиранд. Ба иттилои манбаъҳо дар доираҳои дорусозӣ, то ҳодисаҳои фавт дар Ӯзбекистон онҳо бо ҳама ҳамкории хуб доштанд, лекин акнун дастнорасанд.




