Шурӯъ аз соли 2016 дар Тоҷикистон бо сарпарастии Вазорати адлия ва дастгирии техникиву молиявии Барномаи рушди СММ ва Дафтари ҳамкориҳои Швейтсария ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҷараён дорад.
Ислоҳоти мазкур маҷмӯи чорабиниҳоеро оид ба сода, дастрас ва қулай намудани тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар бар мегирад.
Яке аз марҳилаҳои муҳимми татбиқи ислоҳоти мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба муҳимият ва сабти саривақтии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.
Аз ҷумла, сабти ақди никоҳ, ки дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон бо ду тарз – расмӣ ва динӣ гузаронида мешавад, хусусиятҳои хоси худро дорад.
Зикр бояд кард, ки ақди никоҳ бақайдгирии ҳатмии давлатиро талаб менамояд. Яъне, ақди никоҳ замоне расмӣ ва мутобиқ ба меъёрҳои қонун дониста мешавад, ки он дар мақомоти зиддахли давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошад. Он ақди никоҳе, ки мутобиқ ба боварҳои динӣ баста мешавад, расмӣ дониста намешавад.
Дар инфографикаи зерин тафовути ақди никоҳи расмӣ ва динӣ шарҳ дода шудааст.
Как справиться с предновогодним стрессом: советы врача
Страсть к скорости. Как таджикский гонщик покорил Поднебесную
Сколько будут стоить салаты для новогоднего стола-2025 в Таджикистане?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 декабря 2024 года
Карточки для чайников: зачем нужны ледники и почему они тают?
Бывший футболист избран новым президентом Грузии
Жизнь, достойная подражания. Посвящается 100-летию Рауфа Дадабаева
Парламент Южной Кореи объявил импичмент президенту страны
От курутоба Гиссара до форели Варзоба. Как в Таджикистане организовать кулинарный туризм?
Праздник Весны: как китайский Новый год объединяет миллионы людей
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста