Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон оид ба масоили муҳоҷират аз 20 январи соли 2023 қабули шаҳрвандонро барои иштирок дар Барномаи давлатии мусоидат ба ихтиёрӣ кӯчидан ба Русия барқарор мекунад.
Тавре ки дар намояндагӣ зикр карданд, шаҳрвандон ҳамарӯза аз рӯзи душанбе то ҷумъа ба истиснои рӯзҳои ид қабул карда мешаванд.
Ба қайд гузоштан барои қабул танҳо бо ҳузури шахсии нафари хоҳишманди кӯчидан сурат мегирад. Аризаҳо тариқи онлайн қабул карда намешавад, гуфтанд дар намояндагӣ.
Ёдрас мекунем, ки дар зарфи 9 моҳи соли гузашта 119 ҳазору 609 шаҳрванди Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро гирифтанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар тамоми соли 2021 ин нишондиҳанда 103 ҳазору 600 шаҳрвандро ташкил дод.
Маълумот дар бораи дар тамоми соли 2022 шаҳрвандии Русияро гирифтани чӣ қадар тоҷикистониён ҳоло дастрас нест.
Талаботи асоси барои иштирок дар барнома огаҳӣ аз анъанаҳои фарҳанги Русия, донистани забони русӣ ва 18-сола будан аст. Дар ҳамин ҳол, мебояд донист, ки яке аз талаботи асосии барнома доштани маълумоти олӣ мебошад. Ҳамчунин гувоҳномаҳо (сертификатҳо)-и гуногун, донистани забонҳо ва таҷрибаи корӣ ба инобат гирифта мешаванд.
Ҳадафҳои асосии Барномаи давлатӣ, ки бо ташаббуси президенти Русия таҳия шудааст, ҳавасмандсозӣ ва ташкили раванди кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанон ба Русия, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо ва ҳалли мушкилоти демографӣ, пеш аз ҳама дар маҳалҳои афзалиятноки иқомати кӯчбандӣ аз ҳисоби ҷалби иштирокчиёни барнома ба маҳалли зисти доимӣ дар ин кишвар унвон шудааст.
Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон оид ба масоили муҳоҷират дар суроғаи зерин воқеъ аст: ш. Душанбе, кӯч. Толстой, х. 67. Телефон: (992) 37 224-43-49. Почтаи электронӣ: [email protected].
Барои донистани чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро ҷамъоварӣ намудан ва ба куҷо муроҷиат кардан барои иштирок да барнома ба суроғаи зерин ворид шавед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста