Таҳқиқи аввалияи заҳролудшавии 48 сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маълум кардааст, ки ҳамаи онҳо аз қурут ё дуғобе, ки маҳсулоти асосии қурутоб ба ҳисоб меравад, заҳролуд шудаанд.
Як корманди масъули Беморхонаи сироятии вилоятии шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ин танҳо натиҷаи пешакӣ аст ва онҳо намедонанд, ки қурут ё дуғе, ки барои омода кардани қурутоб истифода шуд, таҳти кадом шароит тайёр шудааст.
Ба иттилои манбаъ, аз 24 нафари заҳролудшудае, ки дар ин беморхона бистарианд, 6 нафарашон кӯдакон мебошанд.
“Вазъи саломатии онҳо беҳтар шудааст ва эҳтимол ҳамаи онҳо имрӯз аз беморхона рухсат шаванд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, раиси ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон Зафар Гулзода дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, "ҳоло мушаххас нашудааст, ки 48 сокини ин ноҳия аз кадом ҷузъи қурутоб заҳролуд шудаанд ва санҷиши ҳодисаи заҳролудшавӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад".
Ӯ афзуд, ҳамаи 48 нафаре, ки бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз ғизо дар беморхонаи ноҳиявӣ ва вилоятӣ бистарӣ шуда буданд, мураххас шуданд.
Гулзода қайд кард, ки роҳбарияти Раёсати тандурустии вилоят, маркази санитарию эпидемиологии вилоят ва зерсохторҳои онҳо фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, сабаби заҳролудшави ҳодисаро муайян мекунанд.
"Ҳамаи сокинон бо аломатҳои дилбеҳузурӣ дар беморхона бистарӣ карда шуданд. Ба онҳо сари вақт ёрии зарурии тиббӣ расонида шуд", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки 24-уми январи соли ҷорӣ 48 нафар пас аз истеъмоли қурутоб дар хонаи яке аз сокинони рустои Чагами ноҳияи шамсиддин Шоҳин заҳролуд шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд.
Баъди чанд соати ҳодиса ҳукумати ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иттилоия пахш намуд, ки "шаҳрвандон сари вақт ба беморхона интиқол дода шуда, ба хизматрасонии саривақтии тиббӣ фаро гирифта шуданд, ки аксарият бо беҳтар шудани вазъи саломатӣ аз беморхона ҷавоб дода шудаанд".




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста