Беш аз 20 ширкати сайёҳии ҷумҳурӣ Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байнулмилалии ITB Berlin 2023 намояндагӣ мекунанд.
Тавре ки Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар масоҳати 20 метри мураббаъ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон —сарзамини сайёҳӣ» бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта мешавад.
“Беш аз 20 ширкати сайёҳии ватанӣ бартариятҳои рақобатнокии Тоҷикистонро дар самтҳои сайёҳии экологӣ, табобатию солимгардонӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, шикор, фарҳанги нодир ва тамаддуни қадимии миллати тоҷикро ҳамчун маҳсулоти миллии сайёҳӣ муаррифӣ менамоянд”, - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ҳамчун барои таблиғи захираҳои сайёҳии мамлакат хеле муфид буда, имкон медиҳад, ки байни ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расанд ва ҷалби сайёҳони хориҷӣ аз қораи Аврупою Осиё вусъат дода шавад.
Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи байнулмилалии ITB Berlin 2023 аз 7 то 9 март дар шаҳри Берлин (Олмон) баргузор мешавад.
Намоишгоҳи ITB Berlin таърихи тӯлонӣ дошта, аз соли 1966 инҷониб доир мегардад. Тӯли ин давра он ба яке аз рӯйдодҳои муҳими ҷаҳон дар соҳаи тиҷорати сайёҳӣ табдил ёфт. Соли 2023 намоишгоҳ ба шакли нави кор мегузарад: дар он чорабиниҳое баргузор хоҳанд шуд, ки танҳо барои тамошогарони мутахассис, харидорон ва ВАО пешкаш мешаванд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста