Дар вилояти Суғд давоми соли 2022 ҷамъан 155 нафар зиндонии собиқро бо кор таъмин намуда, ба 3 нафари дигар барои фаъолияти соҳибкорӣ қарзи имтиёзнок дода шудааст. Дар ин бора Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд имрӯз, 8-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки дар умум барои пайдо кардани кор ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 323 зиндонии собиқ муроҷиат кардаанд. Аз ин теъдод 307 нафар муроҷиаткарда ба қайди расмӣ гирифта шудааст, ки 291 нафари онҳо мард ва 16 нафар зан мебошанд.
“Аксари зиндониёни собиқи корҷӯ дар соҳаи сохтмон, саноат ва хоҷагии коммуналӣ бо кар таъмин карда шуданд”, - гуфт Шермуҳаммад Нодирӣ.
Ҳамчунин, ба 271 нафар зиндонии собиқ, ки дар қайди корҷӯёни Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ қарор доранд, кӯмакпулӣ пардохта шудааст.
“Тибқи талаботи қонун ба се гуруҳи шаҳрвандон кӯмакпулӣ пардохта мешавад: нафарони аз хизмати ҳарбӣ озодшуда, зиндониёни собиқ ва онҳое, ки корхонаашон барҳам хӯрдааст. Ин кумакпӯлӣ солҳои қабл 400 сомонӣ буд, аз якуми июли соли ҷорӣ 600 сомонӣ муқаррар гардидааст ва то се моҳ пардохт карда мешавад”, - гуфт Шермуҳаммад Нодирӣ.
10 лет назад аппарат «Розетта» впервые сел на комету – благодаря труду женщины-астронома из Таджикистана
Госдума РФ приняла закон о запрете пропаганды чайлдфри
«Нет разрешения». Наземная доставка товаров из Китая в Таджикистан временно приостановлена
В России задумали проверять детей мигрантов на знание русского языка
В Казахстане предложили аннулировать оформленные мошенниками кредиты
Рогатки на базарах Душанбе. Их запретят?
ПЛАС-Форум Digital Tajikistan: инновации и тенденции для будущего Таджикистана
В Казахстане в ноябре начнут выдавать новые визы для иностранцев
Таджикистан и Свердловская область России начинают сотрудничество в сфере туризма
Эмомали Рахмон выступит на климатическом саммите в Баку одним из первых
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста