Соли гузашта ҳодисаҳои гирифтор шудан ба ин бемори зиёд буданд: он аз Русия ва Ӯзбекистон ворид шудааст.
Дар Тоҷикистон соли 2022 гирифторӣ ба бемории сурхакон башиддат афзоиш ёфта буд, аммо имсол ин беморӣ дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 10 феврал, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2022 дар Тоҷикистон 425 нафар ба бемории сурхакон мубтало шуда буданд. Ин нишондод соли 2021 дар умум 10 нафарро ташкил медод.
Бемории сурхакон дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рашт ва Нуробод ба қайд гирифта шудааст.
"Тадқиқоти мутахассисон нишон дод, ки ин беморӣ ба Тоҷикистон аз Русия ва ҳамчунин, аз Ӯзбекистон ворид шудааст. Дар Тоҷикистон мавориди гирифторӣ ба бемории сурхакони навъи D6 мушоҳида шудааст ва қаблан ин навъи беморӣ дар шаҳри Новосибирски Русия низ мушоҳида шуда буд", - гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода.
Вазири тандурустӣ ёдовар шуд, ки моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе, навоҳии Рашт ва Нуробод маъракаи эмкунӣ алайҳи бемории сурхакон баргузор шуда буд ва тибқи нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ эмкунӣ дар дигар манотиқи кишвар низ дар назар аст.
Бояд гуфт, ки сурхакон бемории шадиди сироятии вирусӣ буда, сатҳи хеле баланди сирояткунанда дорад, ки ангезандаи он вируси сурхакон мебошад. Ҳарорати баланд (то 40,5 °C), илтиҳоби луобпардаи холигоҳи даҳон ва роҳҳои болоии нафас ва доғҳои хоси макулопапулярии пӯст, заҳролудшавии умумӣ нишонаҳои ин беморӣ мебошанд.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста