Ҳусейнхон Ҳакимов, сардори шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пас аз адои Ҳаҷҷи умра аз вазифа сабукдӯш шудааст. Дар ин бора Нусратулло Салимзода, раиси тозатаъини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, “сардори шӯъбаи дин, танзим анъана ва ҷашну маросими ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои бемувофиқа ва худсарона ба сафари Ҳаҷҷи умра рафтан аз вазифа сабукдӯш карда шуд”.
Зарина Эгамбердиева, мутахассиси пешбари шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имрӯз дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Ҳусейнхон Ҳакимов моҳи январи соли ҷорӣ ба Ҳаҷҷи умра рафт ва пас аз бозгашт аз вазифа сабукдӯш гардид.
“Ҳоло ба ҷойи Ҳусейнхон Ҳакимов сармутахассиси шуъба фаъолият дорад ва касе сардор интихоб нашудааст”, - гуфт Зарина Эгамбердиева.
Суҳроб Рустамзода, сардори раёсати дин, танзими анъана ва ҷашну маросими вилояти Суғд имрӯз, 14-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ барканории Ҳусейнхон Ҳакимовро тайид карда, гуфт, ки аз кор озод кардану ба кор қабул кардани сардори шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ноҳия ба салоҳияти раиси ноҳия ворид мешавад, аз ин лиҳоз, дар ин хусус маълумот надорад.
Дар ҳамин ҳол, гуфта намешавад, ки Ҳусейнхон Ҳакимов мушаххасан бар асоси кадом меъёри қонунгузории кишвар аз вазифа сабукдӯш шудааст.
Кӯшишҳои мо барои дастрас кардани назари худи Ҳусейнхон Ҳакимов бенатиҷа анҷомид ва ӯ ба зангҳои батакрори мо посух надод.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон ба зиёрати Ҳаҷ ҳазорон нафар сафар мекунанд. Арабистони Саудӣ ҳамчун мизбон ҳамасола барои кишварҳо квотаи мушаххас ҷудо мекунад ва имсол барои Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Аммо ҳазорон нафари дигар давоми сол ба Ҳаҷҷи умра низ мераванд.
Как выбрать SPF-крем: 7 трендов и советы таджикского дерматолога для идеальной защиты кожи
Как понять, правильные ли подгузники ты выбираешь для своего ребенка?
Как Ленинградский театр комедии в годы ВОВ работал в Душанбе
Задолженность по зарплате в Таджикистане за год выросла на 20%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2025 года
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста