Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфтааст, Тоҷикистон танҳо бо ширкати “Про-Форс”-и Британияи Кабир шартномаи ҳамкорӣ дорад ва аҳолӣ ба ширкатҳои миёнарав, ки ваъдаи корро дар Британия медиҳанд, бовар накунанд.
Ин ниҳод бо нашри як эълон дар сомонаи расмиаш зикр кард, ки бақайдгирии шаҳрвандон барои кори мавсимӣ дар Британияи Кабир танҳо тавассути МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, тамоми хидматрасониҳо ройгон мебошад.
Ин ниҳод зикр кардааст, ки хоҳишмандон метавонанд бо шиносномаи худ ба суроғаи зерин барои номнависӣ муроҷиат кунанд: ш. Душанбе, кўчаи Айни 121, телефонҳо 2250575, 2250221.
Ба иттилои манбаъ, раванди ба кор таъминкунии шаҳрвандон дар доираи барномаи кори мавсимӣ танҳо дар асоси озмун бо иштироки намояндагони ширкат амалӣ карда мешавад.
"Баъд аз гузаштан аз озмун, хароҷот вобаста ба омода кардани раводид ва арзиши чиптаи ҳавоӣ аз ҷониби худи номзад пардохт карда мешавад”, - омадааст дар эълони Хадамоти муҳоҷират.
Ин ниҳод аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки “ба ягон нафар ё ширкати миёнарав бовар накунед ва ҳангоми даст задан ба ҳолатҳои пешниҳоди кори қалбакӣ дар Британияи Кабир ба телефонҳои боварии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 225-07- 28; 225-07-33 занг занед”.
Қаблан, сафорати Британияи Кабир дар Тоҷикистон аз ҳодисаҳои зиёди пешниҳоди қалбакии таъмин бо кор дар соҳаи кишоварзии ин кишвар нигаронӣ карда, тарзи дурусти муроҷиат барои кор дар ин кишварро шарҳ дода буд.
Ёдрас мешавем, ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон давоми ду соли охир муҳоҷирони кории тоҷикро барои кори мавсимӣ ба Британияи Кабир равон мекунад. Танҳо соли гузашта 383 нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Британияи Кабир фиристода шудаанд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон асосан ба корҳои мавсимӣ дар саҳроҳои кушод ва гармхонаҳо машғул шуда, ҳосили буттамевагиҳо (қулфинай ва ғайра) ва дигар сабзавоту меваҳоро ҷамъоварӣ мекунанд.
Ҳамчунин зикр гардида буд, ки арзиши сафар ба Британияи Кабир аз ҷониби худи хоҳишмандон пардохт шуда, барои ин ба онҳо аз 1 то 1,5 ҳазор доллар лозим аст. Ҳамчунин аз хоҳишмандон донистани забони англисӣ дар сатҳи муошират талаб мешуд.
Муҳлати шартномаи меҳнатӣ ҳамагӣ 6 моҳро ташкил медиҳад ва пас аз ним соли кор муҳоҷири тоҷик бояд ба хонааш баргардад.
Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷиарт ва шуғли аҳолӣ мегӯянд, ки “муҳоҷироне, ки рафта омаданд, аз маош ва шароити корӣ хеле қаноатманданд”.




Хозяин гор. Как тяньшанский бурый медведь выживает в Таджикистане?
Легионер сборной Таджикистана Абдулмажид Кудиев стал чемпионом Ирана
«На аукцион никто не пришел». Известная чайхана «Харбуза» в Гиссаре снова не нашла покупателя
На лошади и с биноклем. Как Сафарби – единственная женщина-лесник в Таджикистане – охраняет «Даштиджум»
По инициативе Таджикистана Генассамблея ООН объявила 2027-й Международным годом правовой грамотности
Huawei представляет Mate X7 и линейку новых инновационных устройств
Погранслужба КР: 80% госграницы между Баткенской областью и Таджикистаном обнесены заграждениями
Памир и Тянь-Шань тают: сможет ли программа АБР спасти воду региона?
Баходур Усмонов стал официальным претендентом на титул чемпиона мира WBA
В Таджикистане запущена новая национальная платформа объявлений — Paydo
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста