Афғонистон дар ҳоли ҳозир яке аз бузургтарин ва шадидтарин буҳрони башардӯстона дар ҷаҳонро аз сар мегузаронад. 28,3 млн нафари рекордӣ – тақрибан аз се ду ҳиссаи аҳолӣ, аз ҷумла занону духтарон, ба кӯмак ва ҳимояи башардӯстона ниёз доранд.
Раёсатии Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон (UNHCR) ва шарикон рӯзи 14 март дар як брифинги матбуотӣ дар Женева гуфтанд, ки дар соли 2023 барои кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон 4,62 млрд доллар ва иҷрои нақшаи минтақавии пуштибонӣ аз паноҳандагон ва оилаҳои онҳоро қабулкунанда дар кишварҳои ҳамсоя - 613 млн доллар маблағ лозим аст, хабар дода мешавад дар торнамои СММ.
Дар нақшаи вокуниш ба вазъи гурезаҳои минтақавӣ ҷудо гардидани маблағҳо барои афғонҳои кӯчбаста пешбинӣ шудааст, ки дар панҷ кишвари ҳамсоя: Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд.
Дар ин кишварҳо тақрибан 8,2 млн нафар шаҳрвандони Афғонистон иқомат доранд, ки беш аз 2 млн нафари онҳо гурезаҳои сабтиномшуда мебошанд.
Тибқи арзёбиҳо, аз соли 2021 1,6 млн нафар ба минтақа омадаанд. Зиёда аз 70%-и ниёзмандон занону кӯдакон мебошанд.
Дастгирии молиявӣ барои пешгирии гуруснагӣ, беморӣ, камғизоӣ ва марг хеле муҳим боқӣ мемонад. Даъвати кумак дар соли 2022 ҳамагӣ 52% маблағгузорӣ шуда, аз 623 млн доллари зарурӣ 321 млн доллар ҷудо шуд.
Бо вуҷуди камбуди маблағ, Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон ва шарикон тавонистанд миллионҳо афғонҳо ва кишварҳои мизбони онҳоро дастгирӣ кунанд. Корҳои муҳими башардӯстона дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна, кӯмаки молиявӣ ва беҳтар кардани низоми таъминот бо обро тақвият дод.
Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз ишғоли қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон сокинони зиёди манотиқи шимолии ин кишвар ба Тоҷикистон паноҳ бурданд ва зиндагӣ ихтиёр карданд.
Аксари онҳо дар ноҳияи Ваҳдат, наздикии пойтахти кишвар маскун шудаву зиндагӣ доранд. Қисме аз онҳо Тоҷикистонро ҳамчун давлати транзитӣ истифода кардаву ба кишварҳои сеюм сафар карданд, аммо то ҳол як теъдоди гурезаҳои афғонистонӣ дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд.
Дар хусуси теъдоди дақиқи онҳо маълумот дастрас нест, аммо бино ба маълумотҳои ғайрирасмӣ, теъдоди онҳо метавонад атрофи 10 ҳазор нафар бошад.
Токаев поручил повысить меры безопасности из-за обострения российско-украинского конфликта
Мать актера, сыгравшего Джуру-охотника, выпустили из колонии. Но обвинения с нее не сняты
В Таджикистане не хватает своей кукурузы. Нам приходится тратить миллионы на ее закупку
Камнепады заблокировали трассу Куляб – Дарваз – Хорог, движение транспорта приостановлено
В Таджикистане назвали лучших легкоатлетов сезона
Путин сообщил об испытании новой баллистической ракеты «Орешник» – ею ударили по Украине
Земля, непригодная для жизни. В Таджикистане 30% сельхозугодий находятся в критическом состоянии
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 22 ноября 2024 года
Tcell совместно с Ilmhona и Re-skill открывает доступ к ИИ-образованию для пользователей в Таджикистане
Вместо хаджа. Как обычные таджикистанцы строят школы и больницы на свои деньги
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста