Шурӯъ аз якуми майи соли ҷорӣ нархи оби нӯшокӣ дар Хуҷанд 20% боло бурда мешавад. Дар ин бора Абдуҳалим Нӯъмонов, сармуҳандиси КВДК “Хуҷандобуканал” ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, нархи 1 куб оби нушокӣ то 1 сомонию 44 дирам боло бурда хоҳад шуд. Ҳоли ҳозир нархи 1 куб оби нӯшокӣ 1 сомонию 20 дирамро ташкил медиҳад.
Сабаби болоравии нархро Абдуҳалим Нӯъмонов ба болоравии нархи сӯзишорӣ ва нерӯи барқ рабт дод.
“Мо ба сӯзишворӣ ва барқ вобастагии зиёд дорем. Насосҳои калон дорем, ки қувваи зиёд мегиранд. Бинобар ин, вақте нархи сӯзишворӣ ва нерӯи барқ афзоиш меёбад, хароҷоти мо ҳам зиёд мешавад ва ин зарурати боло бурдани нархи хизматрасониро пеш меорад”, - афзуд ин муҳандиси КВДК “Хуҷандобуканал”.
Қаблан иттило дода шуда буд, ки нархи оби корез низ дар ин шаҳр то 96 дирам афзоиш меёбад. Он қаблан 80 дирамро ташкил медод.
Гуфта мешавад, ки нархномаи мазкур бо мувофиқа ба Идораи зиддиинҳисорӣ дар назар гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки тарофаи истифодаи нерӯи барқ маротибаи охир тирамоҳи соли гузашта зиёд шуда буд.
Тибқи қарори охир нархи барқ барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ ва бахши комуналӣ аз 1-уми октябри соли 2022 ба андозаи 16,9% - аз 22,66 дирам барои 1 киловатт-соат то 26,51 дирам (2,6 сент) боло рафт.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста