Дар натиҷаи гузаронидани чорабинии бекирмгардонӣ дар байни наврасон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон вазъи баъзе хонандагон “нохуб шудааст”. Чанд нафар ба “Азия-Плюс” шикоят карданд, ки бе огоҳии онҳо ба фарзандонашон доруи зидди кирм додаанд.
Як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо шарти ифшо нашудани номаш зикр намуд, танҳо пас аз “нохуб” шудани вазъи саломатии писараш, ки хонандаи синфи 2 мебошад, аз “маъракаи эмкунӣ зидди кирм” огоҳ шудааст.
“Ба ман касе хабар надод, ки зидди кирм ба писарам дору медиҳанд. Вақте писарам ба хона омад, аз шикамдардиву дилбеҳузурӣ шикоят дошт. Вақте аз ӯ сабаби бад шудани вазъи саломатиашро пурсидам, гуфт, ки дар мактаб ба онҳо дору додаанд”, - таъкид намуд ин сокини ноҳияи А.Ҷомӣ.
Модари як хонандаи дигар ҳам шикоят кард, ки вазъи саломатии фарзандаш бад шудааст, аммо бо “гузашти чанд муддат ва каме истироҳат писараш ба худ омадааст”.
Сардухтур: Ҷойи нигаронӣ нест
Алихон Нурализода, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, 4-уми май, дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” ҳодисаро тайид кард ва гуфт, ин “маъмулӣ ва гузаранда аст”.
“Воқеан, давоми ду рӯзи гузашта, муаллимони мактабҳои №2 ва №6 аз нохуб шудани вазъи чанд хонанда ба духтурони бемористонҳо муроҷиат кардаанд. Маълум шуд, ки онҳо баъди хӯрдани доруи “Мебендазол” худро нохуб ҳис карда, сардард, шикамрав ва дилбеҳузур шудаанд. Аммо ин ҳолат маъмулӣ аст ва боиси нигаронӣ нест. Доруи “Мебендазол” кирмҳои дар рӯдаву меъдаи кӯдакон часпидаро меафтонад ва чунин ҳолат пеш омаданаш ғайричашмдошт набояд бошад. Танҳо 1-2 соат идома мекунад ва пас аз он ҳоли кӯдак комилан хуб мешавад”, - шарҳ дод сардухтури беморхона.
Волидон чаро огоҳ нестанд?
Саволе, ки волидони хонандагон посух мехоҳанд ин аст, ки чаро онҳоро аз ин маърака огоҳ накардаанд, чун сухан аз саломатии фарзандашон меравад.
Кӯшишҳои мо барои дастрас кардани андешаи масъулини маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бенатиҷа буд, чун ҳеҷ нафаре аз онҳо ба зангҳои мо посух надоданд.
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон кӯтоҳ гуфтанд, ки “оид ба ин масъала аз ҷониби волидон ё шаҳрвандон ягон шикоят ворид нашудааст”.
“Дар сурати пеш омадани ҳар гуна мушкил шаҳрвандон метавонанд, ба рақамҳои боварии 227 - 76 – 86 занг зада, ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон муроҷиат кунанд”, - зикр намуд як масъули Вазорати маориф ва илм.
Ин чӣ дору аст ва дар куҷо истеҳсол шудааст?
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз 1 то 5-уми май дар саросари ҷумҳурӣ чорабинии бекирмгардонӣ ҷиҳати паст намудани сатҳи паҳншавӣ ва сироятёбӣ ба бемориҳои гелминтӣ гузаронида мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар ин маърака ба кӯдакони аз 7 то 11-сола барои резонидани кирмҳо доруи “Мебендазол” дода мешавад.
Мувофиқи маълумотҳои омории пешниҳодшуда, теъдоди кӯдаконе, ки ба ин чорабинӣ фаро гирифта мешаванд, 1 миллиону 203 ҳазору 226 нафарро ташкил медиҳад.
Маводи дорувории “Мебендазол” истеҳсоли ширкати дорусозии “Janssen-Cilag” (Белгия) буда, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба таври ройгон ба муассисаҳои зерсохтор таъмин гардидааст.
Чӣ қадар бояд истеъмол кард?
Холмирзо Давлатов, директори “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ”-и Вазорати тандурустӣ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, доруи “Мебендазол” ба мактаббачагон хамчун пешгирӣ бемории гелминтӣ (профилактикь) дода мешавад. Дар хотир бояд дошт, ки пешгирӣ бо доруҳои антигельминтикь барои ҳама ду маротиба дар як сол - баҳор ва тирамоҳ тавсия дода мешаваду халос.
Ба қавли ин духтур, ин дору баҳри пешгирии бемории гелминтӣ, яъне кирм барои калонсолон ва кӯдакони аз 10 сола боло дар вояи 100 мг як маротиба тавсия дода мешавад. Барои кӯдакони аз 2 то 10 сола - дар вояи 25-50 мг як маротиба истеъмоли он тавсия аст. Дар ҳолати эҳтимолияти баланди беморӣ, пас аз 2-4 ҳафта бо ҳамон вояи такрорӣ бояд ин доруро истеъмол намуд.
“Истеъмоли он ҳеҷ бадие надорад. Бояд гуфт, ки кирмҳо барои одамон хеле хатарноканд, онҳо системаи иммуниро вайрон мекунанд. Моддаҳои муфид ва витаминҳоеро, ки бо ғизо ба мо меоянд, азхуд мекунад. Норасоии доимии микроэлементҳо, аз қабили йод ва кремний дар организм мегардад. Ва яке аз аломатҳои пайдоиши кирмҳо дар бадан ин беҳолии доимӣ ва хоболудӣ мебошад”, - гуфт Холмирзо Давлатов.
Ин масъули вазорати тандурустӣ мегӯяд, ҳар 2 сол як маротиба дар байни гуруҳҳои мақсаднок (кӯдакони 7-10-сола) аз тарафи мутахассисони Марказ дар 10 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ интихобан тадқиқоти гелминтологӣ гузаронида мешавад.
“Тибқи тадқиқотҳо ва маълумотҳои оморӣ паҳншавии бемориҳои гелминтозӣ аз шумораи умумии сироятёфтагон дар байни кӯдакону наврасони то 18-сола дар ҷумҳурӣ ҳамасола то 70 фисадро ташкил медиҳад. Аз бемориҳои гелминтозӣ бештар: энтеробиоз (40-45%) ва аскаридоз (35-40%)-ро ташкил медиҳад ва пешгирию табобат бо маводи дорувории “Мебендазол” дар ин маврид натиҷаи хуб медиҳад”, - зикр намуд Давлатов.
"Я твердо знал, что буду летчиком": о чем рассказывают таджикские пилоты
Турецкие СМИ: жена бежавшего в Россию экс-президента Асада решила с ним развестись
Таджикские самолеты смогут проходить техобслуживание в Актау
Куда сводить ребёнка на Новый год? Программы развлекательных центров Душанбе
Сомона Махмадбекова признали лучшим спортсменом года в Таджикистане
Парковки пустуют, а дороги запружены машинами. Почему жители Душанбе не оставляют свои автомобили на подземных стоянках?
ФАО ООН выявила возможности для цифровизации сельского хозяйства в Таджикистане
Китайские продавцы осваивают российские маркетплейсы
Минобрнауки: В Таджикистане запрещены ёлки и чаепития в вузах, школах и детских садах
Российский ученый поставил под сомнение прогнозы о существенном обмелении Амударьи
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста