Сар аз 1-уми июн беш аз 158 ҳазор мураббиву омӯзгори тоҷик ба таътили тобистона баромаданд ва истироҳати онҳо 56 рӯз муқаррар шудааст. Дар ин бора Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ афзуд, ҳарчанд муаллимон расман ба таътил баромаданд, аммо қисме то 20-уми июн аз муҳассилин имтиҳон қабул мекунанд.
“Баъди анҷоми аттестатсия ва имтиҳонҳои хатм, омӯзгорон на кам аз 56 рӯз ба таътили тобистона мебароянд. Онҳое, ки унвони илмӣ, собиқаи кории зиёд ва ҷоизаҳои давлатӣ доранд, аз 56 рӯз бештар истироҳат мекунанд”,-зикр кард Наврӯзи Мирзо.
Ба гуфтаи ӯ, имсол 158 ҳазору 293 нафар омӯзгор дар муассисаҳои томактабӣ, мактаб, коллеҷ ва донишгоҳҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва аз ин 126 ҳазору 354 нафар дар дар мактабҳо ва 12 ҳазору 689 нафар дар дар муассисаҳои олии кишвар фаъолият мекунанд.
Мақомот мегӯянд, омӯзгорони нисбатан фаъолро дар давраи истироҳатӣ ба истироҳати ройгон ба осоишгоҳҳои кишвар мефиристанд.
Аз ҷумла, чанде пеш Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар дод, ки наздики 250 омӯзгори макотиби Суғд давраи таътили тобистонаро 12 рӯз дар осоишгоҳ хоҳанд гузаронд. Харҷи маблағи осоишгоҳ аз ҳисоби ҳукумати Суғд пардохт мешавад.
"Он омӯзгороне, ки давоми соли таҳсил дар ҷалби бештари хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо саҳми назаррас гузоштаанд. Инчунин омӯзгорони макотибе, ки натиҷаи дохилшавии шогирдонашон ба донишгоҳҳои кишвар назаррас аст, барои истироҳат ба осоишгоҳ роҳҳат дода мешавад", - гуфта буданд масъулини Раёсати маорифи Суғд.
Масъулони Идораи маориф инро як василаи ҳавасмандии ин қишри ҷомеа медонанд, ки ба таълиму тарбияи насли наврас дар макотиб машғуланд.
Пешниҳоди имтиёзҳо дар давраи таътили тобистона дар ҳолест, ки бархе омӯзгорон баъди ба итмом расидани соли хониш-май барои таъмин кардани зиндагии худ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва сентябр-октябр дубора ба дарс бармегарданд.
Дар маҷмуъ, солҳост масъалаи норасоии кадрӣ дар соҳаи маориф доғ аст ва худи омӯзгорон мегӯянд, маҳз маоши паст ва ҷорӣ нагардидани имтиёзҳое ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод мешавад, яке аз сабабҳои тарки соҳа карданашон мебошад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста