Илҳом Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ, имрӯз, 28-уми июл, гуфт, қатъи пеш аз муҳлати кори баъзе сим-кортҳо мухолифи фармон оид ба тамдиди муҳлати қатъи кори сим-кортҳои азнавсабтнашуда набуда, баръакс раванди азнавсабткуниро метезонад.
Ба гуфтаи ӯ, то кунун беш аз 7 миллион сим-кортҳои мобилӣ бо шиносномаи нави намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гирифта шудааст ва бештар аз 1 млн сим-кортҳои мобилии дигар бо қайди шиносномаи намунаи соли 1999 боқӣ мондааст.
“Хадамоти алоқа зангҳои яктарафа ё вуруди сим-кортҳои мобилиро қатъ кард, то муштарӣ онро бо шиносномаи нави намунаи соли 2014 аз нав ба қайд гирад. Муштариён шиносномаи нав доранд, аммо бо сабабҳои гуногун ҳозир нестанд, ки аз нав ба қайд гиранд”, - гуфт Илҳом Атоев.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон муҳлати азнавбақайдгирии сим-кортҳои мобилӣ то моҳи феврали соли 2024 тамдид карда шудааст.
Муовини раиси Хадамоти алоқа ба суоли такрории хабарнигори “Азия-Плюс”, ки чаро пеш аз муҳлат ин тасмимро гирифтанд, гуфт, “ин фишанг ба муштариён нест, агар мо зангҳои якҷонибаро қатъ намекардем, муштариён ҳеҷ гоҳ ҳозир намешуданд, ки сим-кортҳои худро аз нав ба қайд гиранд”.
“Ҳоло бо шиносномаи баъзе шаҳрвандони кишвар 50-60 сим-корт ба қайд гирифта шудааст. Ин аз ҷиҳати амниятӣ хатарнок аст. Мо маҷбурем, ки зангҳои якҷонибаи сим-кортҳои онҳоро қатъ кунем. Дар сурати то моҳи феврали соли 2024 бо шиносномаи нав ба қайд намондаи сим-кортҳо ҳама рақамҳо комилан қатъ карда мешаванд”, - афзуд Илҳом Атоев.
Бояд гуфт, ки аз нав бақайдгирии сим-кортҳои мобилӣ моҳи феврали соли 2019 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳатмӣ гардид. Операторҳои алоқаи мобилии кишвар уҳдадор гардиданд, ки то 15-уми августи ҳамон сол симкортҳои муштариёнро бо шиносномаҳои коғазии намунаи соли 1999 бо кортҳои идентификатсионӣ (ID-шиносномаҳо)-и намунаи соли 2014 дубора ба қайд гирад.
Дар ҳамин ҳол, меъёр ҷорӣ шуда буд: бо як шиноснома на зиёдтар аз ду сим-корт сабти ном мешавад.
Лекин мақомот ба зудӣ фаҳмиданд, ки ивази шиноснома ва дубора сабти ном кардани ин миқдор муштариён дар муҳлати кӯтоҳ ғайриимкон аст ва аз ин рӯ, муҳлати сабти дубора то 15-уми феврали соли 2020 дароз карда шуд.
Аммо ним соли иловагӣ ва он ҳам дар шароити пандемияи коронавирус ҳеҷ натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ҳукумат лозим омад, ки муҳлати сабти дубораро боз то 15 феврали соли 2022 дароз кунад.
Вале ин муҳлат ҳам кифоя накард ва то моҳи феврали соли гузашта беш аз 2 млн симкорт дубора сабти ном нашуда монданд.
Пас аз ин, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон муҳлати сабти сим-кортҳои мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 то моҳи феврали соли 2024 тамдид шудааст.
“Дар банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016, №207-7 "Дар бораи Тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он" рақами "2023" ба рақами "2024" иваз карда шавад”, - омада буд дар қарори ҳукумат аз 13-уми феврали соли 2023, № 35.
Баъдан дар моҳи марти имсол муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, ки рақами телефонашонро дубора бо ID-шиносномаҳо ба қайд нагузоштаанд, аз қатъи алоқаи симкортҳо шикоят карданд. Мо дар ин матлаб талош варзидем бифаҳмем, ки чаро ширкатҳо чунин рафтор мекунанд, сарфи назар аз он, ки ҳукумат муҳлати сабти дубораи симкортҳоро то соли 2024 дароз кард.
Минеральные источники в Центральной Азии: где согреться в наступившие холода?
Эмомали Рахмон подписал свыше 30 новых законов
В Таджикистане официально признаны безработными 49 тысяч человек
В Душанбе проходит международный фестиваль «Танец объединяет нас»
В Узбекистане пресекли ввоз более 50 кг наркотиков из Таджикистана
Представители Таджикистана приняли участие в крупнейшем саммите Biban Global в Эр-Рияде
"Озоди": В Косово задержали гражданку Таджикистана за шпионаж в пользу России
Два таджикских лидера бизнеса получили международную премию «Лидер СНГ»
На улицах Бохтара разрастаются кучи мусора. Кто виноват?
«Придумали в Китае»: пять великих открытий и изобретений Поднебесной
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста