Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, моҳи август ҳарорати мииёнаи моҳона дар Тоҷикистон 1-2 дараҷа болотар аз меъёрӣ иқлимӣ пешбинӣ мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Аввали моҳ ҳавои гарм ва софу беғубор боқӣ мемонад. Лекин дар даҳаи дуюм ва сеюми моҳ ба тадриҷан поинравии ҳарорат омода шудан лозим аст.

Аз боришот бештар дар ноҳияҳои доманакӯҳ интизорӣ рафта, дар ҳамин ҳол, миқдори боришоти миёна дар кишвар нисбатан камтар аз маъмулӣ мешавад.

Дар водиҳо боришот начандон зиёд мешавад - 0-1 мм, дар доманакӯҳ мутаносибан 0,4-3 мм ва 4 мм дар назар аст.

Дар охири моҳи август дар Тоҷикистон боришоти кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ шудааст.

Ҳангоми боришот то 12-17 м/сония суръат гирифтани вазиши шамол аз эҳтимол дур нест.

Ҳамчунин дар водиҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.