Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон бо ташкили як комиссияи вижаи корӣ мустаҳкамии биноҳои ширкати “Комил-2010”-ро, ки гуфта мешавад ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, месанҷад ва баъд онро ба истифода медиҳад.
Низом Мирзозода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар имрӯз, 2-юми август, дар нишасти матбуотӣ гуфт, воқеан, биноҳои дар маҳалли Зарнисори пойтахт бунёдкардаи ширкати “Комил-2010” камбудӣ доранд. Кумита тамоми биноҳои ин ширкатро аз ташхис мегузаронад ва танҳо баъди гирифтани хулосаи мутахассисон он биноҳо барои истифода дода мешавад.
“Вобаста ба мустаҳкамии бино, хулосаи мутахассисонро мегирем, дар ҷое ки мустаҳкам кардан лозим аст, мустаҳкам мекунем, дар ҷое ки камбудӣ бошад, онро ислоҳ мекунем. Аз ҷиҳати мустаҳкамӣ агар ба талабот ҷавобгӯй бошад, мо онҳоро ба истифода медиҳем. Чунки аксари хонаҳоро сокинон харидаанд ва ҳатто дар он зиндагӣ мекунанд. Ҷои баҳс нест, ки оянда ин биноҳо мустаҳкамии худро таъмин мекунанд”, - иброз дошт раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.
Ӯ дар робита ба мустаҳкамии ин хонаҳо гуфт, зилзилаи чанд соли охир исбот кард, ки онҳо ба зилзилаҳо тобоваранд. Мушаххасан кадом зилзиларо дар назар дорад, маълум нест.
Баҳси хонаҳои ширкати “Комил 2010”, ки гуфта мешавад, ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рабт дорад, чанд сол аст идома дорад. Санҷиши комиссияи вижаи Кумитаи сохтмон ва шардорӣ низ давом дорад.
Роҳбарияти пешини Кумитаи мазкур гуфта буданд, ки ин ширкат дар рӯйхати сиёҳи шаҳрдорӣ қарор дорад ва дигар ба ӯ иҷозаи сохтмони нав нахоҳанд дод.
Тобистони соли гузашта шаҳрдории Душанбе низ гуфта буд, “дар ҳақиқат дар кори ин ширкат камбудиҳо ҳаст ва гурӯҳи корӣ барои рафъи онҳо талош дорад”.
- Мо як маротиба бо пудратчӣ суҳбат кардем ва оиди ин масъала кор идома дорад. Ин камбудиҳо ҳатман бартараф мешаванд ва ин биноҳо ҳам дар доираи талаботи шаҳрдорӣ ба истифода дода мешавад. Гурӯҳи корӣ кор карда истодааст, - афзуда буд Ҷамшуд Табарзода, могвини аввали раиси шаҳр.
Гурӯҳи корӣ ба чӣ натиҷа омад, ҳоло маълум нест.
Ширкати "Комил-2010", ки расман ба номи писари Бег Сабур номнавис шудааст, яке аз ширкатҳои фаъоли сохтмонӣ дар бозори бунёди хонаҳои истиқоматӣ аст, ки солҳои ахир аз сифати кори ин ширкат шикоятҳо зиёд шудаанд. Вале аз сабабе, ки арзиши манзилҳо дар он биноҳо дастрас аст, мардум аз онҳо зиёд харидорӣ мекунад.




Здание знаменитой чайханы «Харбуза» снова выставлено на продажу
В Таджикистане операторов обязали платить утильсбор за базовые станции
Зеленский допустил решение территориального вопроса Украины на выборах или референдуме
Переговоры лидеров Таджикистана и Туркменистана состоялись на полях Форума мира и доверия
Кубок Азии U-17: определены все 16 участников - Таджикистан среди лучших
Закон о языке в Таджикистане изменили. Язык рекламы и вывесок в первую очередь должен быть на таджикском
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 12 декабря 2025 года
«Горы нужны людям, чтобы стать человеком». Таджикистанцы признаются в любви к горам
В Крыму нашли и опознали останки морского пехотинца из Таджикистана, пропавшего в 1941 году
Афиша от «Азия-Плюс»: Tarona Music Award, Новогодняя ярмарка и вечер живой музыки с Собиром Аминовым
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста