Тақрибан нисфи (47%) иштирокчиёни назарсанҷии Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори ҷамъиятӣ (ВЦИОМ) муҳоҷирати кориро як падидаи мусбат барои Русия медонанд. Аз соли 2008 ин рақам се баробар афзудааст, хабар медиҳад РБК.
Назарсанҷӣ тариқи пурсиш бо телефон дар аввали моҳи август гузаронида шуд. Дар он 1,6 хазор нафар русиягиҳои синнашон аз 18-сола боло иштирок карданд. Хатогии ҳадди ниҳоӣ бо эҳтимолияти 95% аз 2,5% зиёд нест, саҳеҳ кардаанд дар ин Марказ.
«Қариб ҳар кадоме за русиягии дуюм мутмаин аст, ки муҳоҷирати корӣ як падидаи мусбат барои кишвар аст (47%), нишондиҳандаи имсол бамаротиб аз назарсанҷиҳои пешина зиёд аст (соли 2006 - 21%, 2008 - 14%, 2013 - 14%). 40% ақидаи баръакси онро дорад, ки қариб ду баробар камтар аз 10 соли пешин аст (соли 2013 - 74%)», - гуфта мешавад дар хабар.
Тафовут дар посух ба ин суол дар байни “фарзанду падарон” ва “сарватмандону камбизоатон” мушоҳида мешавад. Ҷавонон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бештар афзалиятҳоро мебинанд (61% дар байни ҷавонони синни 18-24-сола ва 56% дар гурӯҳи 25-34-сола), дар ҳоле ки русиягиҳои 45-59-сола бештар ба паҳлӯҳои манфӣ (51%) ишора мекунанд.
Шаҳрвандони даромадашон хуб ба муҳоҷирони корӣ бештар назари нек доранд (61%; 28% дар байни “камбизоатон”), дар ҳоле ки русҳои даромадашон кам дар бораи муҳоҷирати корӣ манфӣ назар мекунанд (56%; 29% дар байни “сарватмандон”).
Дар ҳамин ҳол, 39%-и пурсидашудагон бар ин назаранд, ки солҳои ахир муносибат байни намояндагони миллатҳои мухталиф шиддат гирифтаааст, ин рақам дар тӯли даҳ сол аз 57% коҳиш ёфтааст. Боз 38%-и дигар бар ин боваранд, ки дар муносибатҳои байни миллатҳо ҳама чиз муътадил буда, ҳам дар сатҳи беҳбудӣ ва ҳам бадшавӣ ҳеҷ тағйироте эҳсос намешавад.
Шумори аҳолии Русия аз соли 2018 кам мешавад ва соли 2022 он 533 ҳазор нафар коҳиш ёфта, то 1 январи соли 2023 146,45 млн нафарро ташкил додааст, хабар медиҳад Росстат.
Афзоиши аҳолии Русия аз ҳисоби муҳоҷират дар соли гузашта ба таври назаррас коҳиш ёфта, 61,9 ҳазор нафар ё 0,4 ба ҳар ҳазор нафар аҳолии муқимиро ташкил дод (соли 2021 афзоиши муҳоҷират қариб 430 ҳазор нафар буд). Ин рақам барои соли 2022 аз ҷониби хадамоти омор бо назардошти натоиҷи барӯйхатгирии аҳолӣ дар саросари Русия дар соли 2020 тасҳеҳ шудааст.
Афзоиши муҳоҷират дар соли 2022 коҳиши табиии аҳолиро (тарҳи 594,6 ҳазор нафар) ҳамагӣ 10,4% ҷуброн кард, навиштааст Екатерина Щербакова, сарходими илмии Донишкадаи демографияи Мактаби олии иқтисодӣ (ВШЭ).
Моҳи май Вазорати корҳои дохилӣ пешниҳод карда буд, ки як ниҳоди нави назорати маъмурӣ аз болои ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия ҷорӣ карда, назорати давлатии амалкунанда дар ин самт бекор карда шавад. Дар сурати қабули ин лоиҳаи қонун, Вазорати корҳои дохилӣ метавонад санҷиши шахсони ҳуқуқиеро, ки аз кори муҳоҷир истифода мекунанд, ба роҳ монад. Қаблан барои санҷиши онҳо онҳо моратория муқаррар шуда буд.
Дар назорати маъмурии ВКД саривақт ошкор намудани шаҳрвандони хориҷие, ки барои будубош/иқомат дар Русия ва анҷом додани баъзе намудҳои фаъолият дар қаламрави кишвар асосҳои қонунӣ надоранд ё онро аз даст додаанд, инчунин мувофиқи талаботи қонунгузорӣ андешидани ҷораҳои ҳуқуқӣ нисбат ба онҳо ва дигар шахсоне, ки ба қонушиканиҳо роҳ додаанд, пешниҳод мешавад.
Ёдрас мекунем, ки ахиран дар Русия баргузор намудани рейдҳо оид ба боздошти муҳоҷирони тоҷик зиёд шуд.
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳабсҳои чанде пеш, таъқиб ва фишор нисбати муҳоҷирони кории тоҷикро дар давоми якчанд моҳ чунин шарҳ доданд, ки он ба баргузории амалиёти “Нелегал” марбут аст.
Коршиносон зикр мекунанд, ки амалҳои Русия нисбати муҳоҷирони корӣ метавонанд барои фишор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон истифода шаванд.
Таджикистан узнает своих соперников в отборе Кубка Азии по футболу
Как африканский футболист изучил таджикский и женился на таджичке
В Душанбе отрапортовали о полном оснащении столичных школ компьютерами и лабораториями
Как страны Центральной Азии распределили воду на межвегетацию
Эмомали Рахмон оценил реконструкцию проспекта Исмоили Сомони в Душанбе
Токаев первым из президентов стран Центральной Азии поговорил по телефону с Трампом
В предстоящие выходные в Душанбе выпадет первый снег
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 6 декабря 2024 года
Почему кормящие мамы в Таджикистане вынуждены прятаться в общественных местах?
ЕАБР: Рост экономики Таджикистана в 2025 году останется самым высоким на евразийском пространстве
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста