Музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кормандони низоми бонкӣ дар Тоҷикистон тайи ду соли ахир қариб 36% ва кормандони бахши кишоварзӣ - 20% зиёд шудааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи маълумоти Агентии омор, аввалиҳо маоши аз ҳама баланд ва дуюмиҳо - аз ҳама пасттарро мегиранд.
Ҳаҷми музди меҳнати миёнаи хидматчиёни бонкӣ то аввали нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 5822 сомонӣ (532 доллар) расид ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2021 маоши миёнаи онҳо 4291 сомониро ташкил медод.
Музди меҳнати кормандони бахши кишоварзӣ дар ин давра аз 597 сомонӣ то 719 сомонӣ (66 доллар) расидааст.
Ба ин тариқ, фарқият байни музди меҳнати кормандони бонкҳо ва кишоварзон дар муддати ду сол то 8 баробар афзудааст.
Маоши миёнаи моҳонаи номиналӣ дар ҷумҳурӣ то 1 июли соли ҷорӣ 2227 сомонӣ (203 доллар) ва музди меҳнати ҳадди ақалл - 600 сомонӣ (55 доллар)-ро ташкил додааст.
Музди меҳнати номиналӣ - маблағи мушаххасе мебошад, ки корманд барои кораш мегирад. Аз маоши воқеӣ бо он фарқ мекунад, ки дар музди меҳнати воқеӣ таваррум (афзоии нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо ба молу хидматгузориҳо) ба инобат гирифта мешавад.
Дар ҳамин ҳол, байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ музди меҳнати миёнаи моҳона дар Тоҷикистон дар сатҳи пасттарин қарор дорад.
Мувофиқи маълумоти расмӣ, то аввали нимсолаи дуюми соли ҷорӣ музди меҳнати миёна дар Қазоқистон 807 доллар, Ӯзбекистон - 358 доллар ва Қирғизистон - 352 долларро ташкил додааст.
Дар бораи ҳаҷми музди меҳнати миёнаи моҳона дар Туркманистон маълумоти расмӣ дастрас нест.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста