Масъулини ҳукумати вилояти Суғд мегӯянд, аз зӯроварии волидайн нисбати фарзандонашон, ки гоҳо ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта боиси баҳсҳои тунд мешавад, огоҳанд ва бо чанде аз чунин модарон суҳбат ҳам кардаанд.
Муяссара Мавлонӣ, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи ҳукумати Суғд хабар дод, ки дар вилоят дар 6 моҳи соли равон 7 ҳолати хушунати модар нисбат ба фарзанди ноболиғ ба қайд гирифта шудааст.
Ӯ гуфт, дар баъзе ҳолатҳо аз болои зане, ки ба фарзандаш хушунат мекунад, шавҳарон ва дар мавридҳои дигар худи зан баъди амалкардаш бо худиқрорӣ муроҷиат мекунад.
“Маҳз барои аз роҳи зӯроварӣ баргардонидан моҳи ноябри соли 2022 дар Маркази саломатии №4-и шаҳри Хуҷанд “Утоқи кор бо зӯроварон” амал мекунад. Ин утоқ бо шахсони зӯровар сарукор дорад ва кумаки ҳуқуқӣ ва равонӣ мерасонад, аммо таъйини ҷазо дар салоҳияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки давоми соли ҷорӣ чанд навори хушунати модар ё падар нисбати ба кӯдаки хурдсоли худ ва ҳатто латукӯби беҳармона аз сӯи онҳо расонаӣ шуд ва хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овард.
Яке аз чунин модарон Холиса Шоева, сокини ноҳияи Данғара ва истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд аст. Навори лату кӯби кӯдак ба шавҳари собиқаш Сайфиддин Алиев мерасад ва падари кӯдак наворҳоро ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорид.
Додситонии кулл гуфт, нисбати Холиса Шоева барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ (моддаи 174 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон) парвадаи ҷиноӣ боз шудааст, ки ин банди қонунгузорӣ аз 11 то 29 ҳазор сомонӣ ҷарима ё “маҳдуд кардан аз озодӣ ба муҳлати ду сол”-ро пешбинӣ мекунад.





Tarona Music Award-2025: вечер, когда царила музыка
VIPzone 2: Лица и истории, которые стоит прочесть
В Душанбе открылись предновогодние продуктовые ярмарки
Президент Таджикистана принял участие в неформальном саммите СНГ в Петербурге
В Таджикистане в ближайшие дни ожидаются туман и гололедица
Центральная Азия – Япония: претендует ли Страна восходящего солнца на влияние в регионе?
Власти Израиля утвердили строительство 19 новых поселений на Западном берегу реки Иордан
BFMTV: Грабители похитили из Лувра более 8500 драгоценных камней
Названы десять лучших спортсменов Таджикистана 2025 года
Газовое кольцо Центральной Азии. Возможно ли его создать?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста