Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ шаҳрвандонро аз якбораи тағйирёбии вазъи обуҳаво огоҳ мекунад.
Тибқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзҳои 6-7 октябр дар водиҳо борони пуршиддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ (дар баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр) бо гузаштан ба барф дар назар аст.
Гуфта мешавад, ҳарорат рӯзона 8-10 дараҷа поин рафта, суръати вазиши шамол то 13-18 м/сония пурзӯр мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар боришоти пуршиддат, раъду барқ ва жола, инчунин шамоли сахт бо суръати то 15-20 м/сония пешгӯи мешавад.
Ғайр аз ин, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳ ҳодисаҳои фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.
Гуфта мешавад, аз ҷумла, бар асари боронҳои пуршиддат болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорианд, пешбинӣ шудааст.
“Кумита аз шаҳрвандон боисрор дархост мекунад, ки қоидаҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайругашт ба мавзеи кӯҳистон, чаронидани чорво, ҷамъоварии занбурӯғу дигар растаниҳои кӯҳӣ дар кӯҳҳо худдорӣ кунанд. Ба кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро беназорат нагузоред. Дар ин рӯзҳо дар назди обанборҳо қарор доштан ва моҳидорӣ тавсия дода намешавад”, - омадааст дар хабари КҲФ.
Ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мешавад, ки саривақт ҷӯйборҳо, каналҳо, селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хаспораву регу шағал тоза кунанд, то аз хатари вуруди сел ба манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорҳо эмин бимонанд.
Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода ё нохуш ба телефонҳои қисми навбатдории КҲФ: 93 880 28 19, 221-91-19, 223-13-11 занг занед.