Имрӯз, 17-уми октябр, яке аз ходимони собиқадори сиёсиву давлатӣ Шодӣ Давлатович Шабдолов 80 - сола мешавад. Ӯ қариб 25 сол роҳбарии Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва 4 маротиба вакили парлумон интихоб шуд. Аз камтарин сиёсатмадорон ва вакилони фаъоли парлумони Тоҷикистон дониста мешуд, ки вобаста ба масоили мубрам ҳамеша мавқеашро ошкоро ва боҷуръатона баён медошт. Соли 2016 аз фаъолияти сиёсӣ канор рафт ва бознишаста шуд.
Дар арафаи ҷашни зодрӯз, ба бемории пас аз ҷарроҳиаш нигоҳ накарда, Шодӣ Шабдолов ба мо имкон дод, ки бо ӯ аз хусуси роҳи паймудаи ҳаёту фаъолияташ суҳбат намоем.
- Шумо дар оилаи зиёӣ таваллуд шудаед. Оё дар оилаи зиёӣ бузург шудан масъулияти касро дар таҳсилу рафтор меафзояд?
- Бешак. Ман на танҳо дар назди падару модар, ки омӯзгорони асил буданд, балки пайвандон, аҳли ҷомеа худро масъул медонистам, то таҳсилу хубу рафтори намунавӣ дошта бошам. Модарам дар тайёр намудани вазифаи хонагӣ кумак мекард, падарам, чун муаллими фанни математика, дар баробари кумак ба омӯзиши фанҳои дақиқ, рафти таҳсиламро назорат мекард. Ин буд, ки аз рафторам гилае нашуниданд ва ман мактабро бо баҳои аъло хатм намудам.
- Чӣ боис шуд, ки илми дақиқро интихоб намуда, барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дохил шудед?
- Аслан меъмор шудан мехостам. Солҳои 60-уми асри гузашта имтиҳонҳои қабули донишҷӯён ба мактабҳои олии ҷумҳуриро дар шаҳри Хоруғ баргузор менамуданд. Ҳуҷҷатҳоямро барои дохил шудан ба Донишкадаи политехникии Тоҷикистон супоридам. Имтиҳонҳоро муваффақона супоридам. Вақти суҳбат бо намояндаи донишкада ӯ ба кадом факулта дохил шуданамро пурсон шуд. Гуфтам, ки ба шуъбаи меъморӣ. Ӯ арз дошт, ки меъмор шудан кори хуб аст, вале барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) энергетикҳо заруртаранд. Бе манбаи энергия на танҳо саноат, балки сохтмон низ пеш намеравад. Ҳамин тавр, бо маслиҳати ин масъули донишгоҳ ба факултети энергетика дохил шудам.
- Донишкадаро бо ихтисоси муҳандис-электромеханик хатм намуда, ба ҳайси омӯзгори Техникуми энергетикии шаҳри Қӯрғонтеппа ба фаъолият пардохтед. Ин интихоби шумо буд ё хости маъмурияти донишкада?
- Ҳам ину ҳам он. Он замон мутахассисони маҳалии соҳаи энергетика ангуштшумор буданд. Мехостам дар тайёр намудани мутахассиони маҳаллӣ саҳм гузорам. Тайи ду сол дар техникум фаъолияти пурсамар доштам. Соли 1967 маро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ даъват намуданд. Пас аз анҷоми хидмат боз ба кор дар техникум идома додам. Чанд моҳ баъд бо дархости кумитаи иҷроияи Шӯрои намояндагони халқи ВМКБ маро ба сифати сармуҳандиси шабакаҳои барқии вилоят даъват намуданд.
- Дар ин вазифа бештар ба иҷрои кадом корҳо машғул будед?
- Нимаи дуюми солҳои 60-ум дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Мурғоб нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ сохта шуданд. Ман чун сармуҳандиси шабакаҳои барқии вилоят ба кашидани хатҳои интиқоли барқ, ҳамзамон ба рафти сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Хоруғ ва “Намадгуд”-и ноҳияи Ишкошим назорат мекардам, ба сохтмончиён кӯмак мерасонидам ва тавсияҳо медодам. Бо кӯшишу ғайрати бемисли сохтмончиён мо нерӯгоҳи барқи обии Хоруғ ва “Намадгуд”-ро бо иқтидори пурра ба истифода додем. То соли 1974 иқтидорҳои тавлидшуда пурра ба мизоҷон дастрас карда шуданд. Ба замми ин, дар маҳаллаҳои алоҳида шабакаҳои барқии дизелиро низ васл намудем. Бо ин восита ҳатто аксари деҳаҳои дурдасти вилоятро низ бо қувваи барқ таъмин менамудем.
- Соли 1974 ба кори ҳизбӣ гузаштед. Чаро?
- Соли 1970 маро бо пофишори муаллими мактабиам, он замон котиби аввали кумитаи ҳизбии шаҳри Хоруғ Аскаршо Авзалшоев ба аъзогии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ қабул намуданд.
Як замон дар сафари хидматӣ дар шаҳри Душанбе будам. Хабар доданд, ки маро таҷилан ба комитети ҳизбии вилоят даъват намудаанд. Пас аз расидан ба Хоруғ аз фурудгоҳ рост ба комитети вилоятии ҳизб ҳозир шудам. Он ҷо маҷлиси бюрои комитети ҳизбии вилоят мегузашт. Маро ба маҷлисгоҳ даъват намуданду бо пешниҳоди котиби аввали комитети вилоятӣ Хушқадам Давлатқадамов ва бо қарори бюро мудири шуъбаи саноат ва нақлиёти комитети ҳизбии вилоят таъин намуданд.
Бо ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар вилоят сохтмони корҳонаҳои саноатӣ босуръат оғоз гардид. Шуъба кори назорат аз рафти сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангиро ба ҷо меовард. Агар аз хусуси рафти сохтмон ва ба истифодадиҳии онҳо гуфта гузарам, саҳифаҳои зиёде навишта хоҳанд шуд. Натиҷаи кори мо буд, ки соҳаи саноати вилоят ҳамасола рушд меёфт.
- Ба Ҷумҳурии демократии Афғонистон чӣ гуна ва чаро рафтед?
- Он замон аз инқилоби Савр дар Афғонистон ҳамагӣ ду сол гузашта буд. Ман бинобар таҷрибаи хуби кори ташкилӣ-ҳизбӣ, ҳамзамон донистани забон ва урфу одати мардуми ин кишвар ба сифати мушовири калони котиботи Комитети марказии Ҳизби халқӣ-демократии Афғонистон ба ин кишвар фиристода шудам. Вазифаам дар ҳамкорӣ бо намояндагони КМ КПСС дастурдиҳӣ ба ҳизбиён дар беҳдошти вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар буд. То ҳадде тавонистем кори ҳизбиро ба низоми муайян дарорем. Он тарафаш хости мардуми ин кишвар буд, ки чи гуна дастурҳои моро қабул ва иҷро намуданд.
- Пас аз бозгашт ба Ватан шумо муддате ба сифати ҷонишини мудири шуъбаи саноати КМ ҲҚ Тоҷикистон кор карда, баъдан котиби якуми ҳизбии шаҳри Хоруғ интихоб шудед. Пас аз 9 сол вазъи иқтисодӣ - иҷтимоии шаҳрро чӣ гуна дарёфтед?
- То нимаи солҳои 80-ум вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр бад набуд. Корхонаҳои саноатӣ мураттаб фаъолият доштанд. Кумитаи шаҳрӣ кори роҳбарӣ ва назорат аз фаъолияти хоҷагии халқи ноҳияи Шуғнонро, ки ноҳияи Роштқалъа дар ҳайати он буд, низ ба ӯҳда дошт. Соҳаи кишоварзӣ ва чорводориву дигар самтҳои фаъолияти хоҷагии кишлоқи ноҳия низ хуб буд. Аммо, бо эълон шудани сиёсати бозсозии горбачовӣ вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳр чун тамоми вилоят ва кишвар рӯ ба коҳиш ниҳод.
Ба ҳамаи мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ нигоҳ накарда, кумитаи ҳизбӣ бо дастгирӣ ва меҳнати ҳалолу масъулиятшиносии сокинони шаҳру ноҳия вазъро муътадил нигоҳ медошт. Бо назардошти камчинии кувваи барқ ва бинобар ба истифода додани корхонаҳои нисбатан калони саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Помир-1 оғоз ёфт. Ин аввалин нерӯгоҳ аз силсилаи нерӯгоҳҳое буд, ки мувофиқи нақшаи ҳукумати марказӣ ва ҷумҳурӣ бояд дар дарёи Ғунд сохта мешуданд. То охири ваколатам дар ин вазифа корҳои зиёде дар сохтмони он анҷом дода шуданд ва он мебоист соли 1990 ба истифода дода мешуд. Вале, тавре гуфтам, вазъи иқтисоди кишвар рӯ ба коҳиш ниҳод. Аз ин сабаб, ба заҳмати каҳрамононаи энергетикҳои вилоят нигоҳ накарда, агрегати аввали нерӯгоҳ фақат соли 1994 мавриди истифода қарор дода шуд.
- Шумо дар лаҳзаҳои душвори солҳи 90-ум ба ҳайати роҳбарии КМ ҲК Тоҷикистон шомил шудед ва баъдтар роҳбарии онро ба зимма гирифтед. Фаъолият дар он замон чӣ гуна буд ва чӣ тавр тавонистед ҳизбро бори дигар ба як нерӯи муаасири сиёсӣ табдил диҳед?
- Воқеъаҳои августии соли 1991, пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳизби коммунисти шӯравӣ вазъи Тоҷикистони акнун соҳибистиқлолро хеле душвор намуданд. Новобаста ба таҳдиду монеъаҳо ҳизби коммунист мо дар сеъзди ғайринавбатӣ қарор дар бораи ихроҷ аз ҳайати КПСС-ро қабул намуда, Оиннома ва дигар ҳуҷҷатҳои барномаи мустақили Ҳизби коммунисти Тоҷикистониро тасдиқ кард. Ин амалҳои мо боиси таҳдид ба фаъолияти минбаъдаи ҳизб гардид. Кор ба дараҷае расид, ки ин масъала ба муҳокимаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Новобаста ба таҳдиду зуроварӣ ва қасди куштори коммунистон съезд баргузор гардид. Бинобар вазъи ноороми мамлакат даври дуюми сеъзд ба охири соли 1991 муқаррар гардид. Роҳбарӣ ба ҳизб ба зимаи кумитаи ташкилӣ бо сарварии ман гузошта шуд. Дар ин миён 2 октябри соли 1991 сессияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қариб 90 дар сади вакилонаш коммунист буданд, бо қарори худ фаъолояти Ҳизби коммунисти Тоҷкистонро то декабри ҳамон сол боз дошт.
Дар вазъи хеле мушкил, ҳатто куштори бархе аз коммунистон дар кунҷу канори кишвар, 18-19 январи соли 1992 кумитаи ташкилӣ тавонист даври дуюми съездро баргузор намояд. Вакилон қарори қаблии тағйири номи ҳизб ба ҳизби сотсиалистиро бекор карда, номи пештараи он - Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро барқарор ва маро ба вазифаи раиси ҳизб интихоб намуданд. Ҳизб барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, ки аллакай ба муқобилияти мусаллаҳона миёни тарафҳои даргир мубаддал гардид, талош мекард. Дар сеъзди 23-юми ҳизб дар баробари таҳлили вазъи мушкили сиёсии кишвар ва роҳҳои баромадан аз он, дар таҳрири нав барнома ва оинномаи ҳизб қабул гардиданд.
Солҳои минбаъда ҲКТ қотеъона зидди ҳамагуна амалҳои террористӣ, экстримистӣ, маҳалгароӣ, миллатчигӣ, ифротгароии динӣ ва қочоқ бо Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард. Новобаста ба ин, оғози соли 1997 тамоми молу мулки ҳизб мусодира гардид. Ба вазъи ногувори молиявӣ-хоҷагидории худ нигоҳ накарда, мо бо иштирок дар маракаҳои сиёсии кишвар баҳри таъмини сулҳ дар кишвар фаъолона саҳм мегузоштем. Ба қорори сеъздҳои 24 ва 25-ум ҳизб дар интихоботи Президент Тоҷикистон, интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби мандат низ гардид.
- Воқеан, ҳангоми фаъолият дар парлумони кишвар шумо ва вакилони ҲКТ бештар ба кадом принсипҳо такя менамудед?
- Фаъоляти мо - гурӯҳи коммунистон комилан як буд. Тамоми масоили сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро беғараз, воқеъбинона, аз рӯи адолат мавриди муҳокима қарор медодем. Қонунҳои мавриди муҳокима гузошташударо аз рӯи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии умумибашарӣ таҳлил менамудем. Худ ташаббуси қонунгузорӣ нишон медодем. Аксари кулли қонунҳои қабулгардида ҷавобгӯи меъёрҳои ҳуқуқии умумибашарианд ва онҳоро институтҳои байналимлалӣ эътироф менамоянд. Агар онҳоро беғараз ва аз рӯйи адолат риоя ва иҷро намоем, рушди иқтисоди кишвар таъмин хоҳад шуд.
- Шумо дар бораи принсипҳои кориатон ҳамчун коммунист ва вакили халқ сухан кардед. Принсипи асосии зиндагии рӯзмарратон чӣ буду аст?
- Боз ҳам беғаразӣ, воқеъбинӣ ва адолатпарварӣ. Ҳеҷ гоҳ мавқеъ ва мақомамро тағйир надодаам.
Ман он қадар ки тавону донишам буд бо фаъолияти ҳизбӣ ва вакилиам дар хидмати халқ будам. Шукр аз он мекунам, ки имрӯз дар муҳити оилавиам бо ҳамсару фарзандон ва наберагони азизу маҳбубам осудаҳолона давлати пирӣ меронам.
Ҳайати эҷодии "Asia-Plus" Шодӣ Шабдолов, сиёсатмадор ва арбоби давлатии тоҷикро бо ҷашни зодрӯз табрик гуфта, барояш тансиҳатӣ ва умри дароз таманно дорад!
Трамп назначил главой Секретной службы США агента, защищавшего его во время покушения
Расползающаяся угроза. Из Сирии на мир и Центральную Азию
В Казахстане спасены от замерзания граждане Таджикистана
В Германии выходец из Афганистана напал с ножом на группу детей: погибли двое
Жители приграничных районов Таджикистана и Кыргызстана провели совместный субботник на границе
Раджабали Рахмонали вместо Рустама Назарзода. Кто стал новым главой КЧС и чем запомнился его предшественник?
Война с миграцией в США: на границу США и Мексики будут отправлены «тысячи» военных. В дополнение к имеющимся
Таджикско-китайская горнопромышленная компания открыла в техническом колледже Истиклола курс китайского языка
Панама подала жалобу в ООН из-за угроз Дональда Трампа захватить Панамский канал
Йенс Столтенберг: Украину надо либо принять в НАТО, либо вооружить до зубов
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста