Вазорати маорифи Русия тасмим гирифтааст сатҳи донистани забони русии кӯдакони муҳоҷиронро дар мактабҳои он кишвар санҷиш кунад. Дар ин бора нашрияи "Коммерсантъ" хабар медиҳад.
Баъд аз анҷоми санҷиши кӯдакони хонаводаҳои муҳоҷир мумкин аст, бархе аз онҳо ба давраҳои иловагии омӯзиши забони русӣ фиристода шаванд. Дар ин бора Сергей Кратсов, вазири маорифи Русия хабар додааст.
Қаблан роҳбари Шӯрои назди президенти Русия оид ба ҳуқуқи инсон Валерий Фадеев гуфта буд, аз 50% то 75% кӯдакони муҳоҷирон забони русиро бад ва ё умуман намедонанд. Фадеев гуфта буд, дар мактабҳои Москва ва Петербург то 20% чунин кӯдакон ҳастанд.
Ба ҷуз аз санҷиши сатҳи забондонӣ кӯдакони муҳоҷиронро ҳамчунин аз санҷишҳои “худогоҳӣ” ва “дониши таърих ва фарҳанги Русия” мегузаронанд.
Мудири Маркази лоиҳакашии иҷтимоии “Платформа” Алексей Фирсов аз ин санҷишҳо интиқод кардааст.
Коршиносон ва омӯзгороне, ки дар маҷмуъ аз ин нақшаҳои вазорати маорифи Русия ҷонибдорӣ мекунанд, ҳамзамон мепурсанд, ки - дарсҳои иловагиро кӣ пардохт хоҳад кард.
“Ба эҳтимоли зиёд аз мактабҳо талаб мешавад, ки дарсҳои иловагиро ба роҳ монанд ва мудир дар навбати худ маҷбур мешавад, ки таҳсилоти пулакиро ҷорӣ кунад”, - гуфтааст Всеволод Луховитский, узви шӯрои иттиҳодияи “Омӯзгор”.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста