Нахустнамоиши ҳамаи қисмҳои силсилафилми “Дом” ба анҷом расид ва ҳамакнун, ин филмро дар шакли пурра метавон дар саҳифаи “Азия-Плюс” дар шабакаи YouTube тамошо кард.
Силсилафилми “Дом”-ро дар сомонаи “Азия-Плюс”, саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube беш аз 2 миллион нафар тамошо карда, аз он истиқбол намуданд. Бисёре аз тамошобинон ҳатто пешниҳод карданд, ки сабти филм идома дода шавад.
Бояд гуфт, филми мазкур, ки зернавишт бо забони русӣ дошт, на фақат дар Тоҷикистон, балки берун аз он, дар Ӯзбекистон, Русия ва дигар кишварҳои ИДМ ҳаводорони худро пайдо кард ва хуш қабул гардид.
Филм аз шаш қисм иборат буда, дар бораи чӣ гуна ба Душанбе омадани духтари ҷавону соддаи музофотӣ Малика нақл мекунад. Ӯ дар талоши дарёфти пул барои табобати падари бемораш ба дасти қаллобон афтода, бо баҳои ҷон бо онҳо мубориза мебарад.
Барои “Азия-Плюс” ин аввалин таҷрибаи таҳияи силсилафилми комил буд. Тиме, ки барои таҳияи филм муттаҳид шуда буданд, кори худро воқеан самимона ва ҳирфаӣ анҷом доданд.
“Таҳияи силсилафилм ва рушди ин бахш дар Тоҷикистон орзуи деринаи ман аст. Солҳои охир дар кишвар силсилафилмҳои гуногун ба навор гирифта мешаванд, аммо хуб мешуд, ки дар силсилафилмҳо Тоҷикистони кунунӣ, барои ҳамаи мо ошнову азиз тасвир ёбад. Ва мо тамоми кӯшишро анҷом додем, то дар силсилафилми “Дом” ин нукта мадди назар бошад”, - мегӯяд продюсери силсилафилм Исмоил Зебоӣ.
Ҷараёни сабти силсилафилм басо ҷолиб буд. Ҳунармандон дар барои ҷиддияту ҳирфаият, ҳамчунин барои вақтхушиву шӯхӣ низ вақт пайдо карданд, ки дар наворҳои паси парда дидан мумкин аст.
Бароятон тамошои гуворо таманно дорем ва хотиррасон мекунем, ки қаллобон дар интернет аз усулҳои гуногун моҳирона истифода бурда, сомонаҳои қалбакӣ месозанд ва ваъда кори хубу пули зиёд дода, одамони зудбоварро фиреб медиҳанд. Аз ин лиҳоз, худ ва наздиконатонро аз чунин чунин қаллобон ҳифз кунед то ба доми фиреб наафтед.
Филм бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар доираи лоиҳаи Internews “Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда” (REVIVE) таҳия шудааст. Муҳтавои филм ба зиммаи “Азия-Плюс” вогузор шуда, мавқеи Иттиҳоди Аврупоро инъикос намекунад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста