Чӣ бояд кард, то оила макони меҳрубонӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ шавад? Рафтору гуфтор ва муносибати падару модар бо фарзандон бояд чӣ гуна бошад?
Дар ин бора якчанд маводи матнӣ ва тасвирӣ омода кардем, ки аз муҳтавои он баҳравар шуда метавонед.

Ба фарзандони худ бештар бо навозишу меҳрубонӣ бигӯед, ки онҳоро дӯст медоред. Ба ҳаёти кӯдакон ва машғулияту дастовардҳои онҳо таваҷҷуҳ кунед. Фарзандони худро барои пешравӣ ситоиш намоед.

Барои фарзандони худ намуна бошед, зеро онҳо ба шумо тақлид мекунанд. Фурӯ нишондани хашмро ёд гиред, зеро он бузургтарин мушкил барои муносибати инсон аст. Агар падару модар бо ҳам сахт гап зананд ва дашном диҳанд, фарзандон на фақат бо аҳли хона, балки бо ҳамсолон низ ҳамин тавр муомила мекунанд.

Шахсият ва дидгоҳи фарзандонро эҳтиром намоед. Андешаи фарзанди худро оид ба ҳамаи корҳое, ки ба оилаи шумо дахл доранд, бипурсед.

Барои фарзандони худ вақт ҷудо намоед. Агар шумо ҳамроҳ бихонед, расм кашед ва бозӣ кунед, онҳо инкишоф меёбанд.

Ин мавод бо ҳамоҳангсозии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ташаббуси муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид “Нури рӯшноӣ” таҳия шудааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста