Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур дод, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.
Иқдоми мазкурро, сарвари давлат, дар шинохти дурусти гузашта ва арзишҳои фарҳангии хеш муҳиму саривақтӣ донист.
“Ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ҳанӯз аз оғози фаъолиятам ба ҳайси роҳбари давлат борҳо иброз дошта будам, ки мо бояд кӣ будани аҷдодамон ва худамонро донем, яъне решаҳои худро шиносем, ба онҳо арҷ гузорем ва аз насли ориёӣ, яъне ориёитабор буданамон ифтихор намоем”, - зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, ки асари безаволи “Шоҳнома”-ро шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар муддати беш 30 сол навиштааст. Ин асар бузургтарин ҳамосаи ҷаҳон дониста мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров низ бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи халқи тоҷик аз ҳисоби Фонди захираи Президенти Тоҷикистон чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Эмомали Раҳмон ба ҳар оила дастрас гардида буд.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста