Таърифаҳо (тарифҳо)-и истифодаи нерӯи барқ барои аҳолии Тоҷикистон ва дигар истеъмолгарони он шуруъ аз 1-уми январи соли 2024 ба андозаи 16 дарсад - аз 26,51 дирам барои 1 киловатт-соат то 30,75 дирам боло мераванд. Дар ин бора Ҷомӣ Умаров, мушовири директори генералии ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и кишвар ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Манбаъ гуфт, дар ин бора қарори ҳукумати Тоҷикистон №546 аз 29-уми ноябри соли 2023 қабул шудааст ва дар асоси он таърифаҳои истифодаи нерӯи барқ барои тамоми истифодабарандагон, аз ҷумла сокинон 16 дарсад зиёд мешавад.
Қарори мазкур ҳоло дастрас нест ва пойгоҳи иттилоотию ҳуқуқии Вазорати адлияи Тоҷикистон низ онро расман нашр накардааст.
Дар ҳамин ҳол, дар маҷлиси ҳукумати кишвар, ки бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва аъзои ҳукумат рӯзи 29-уми ноябри соли равон баргузор шуд, дар баробари дигар масъалаҳо мавзӯи таърифаҳои нерӯи барқ ва гармӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
Ҳамчунин, аз дирӯз, 11-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла “Фейсбук” эълоне мечархад, ки дар он шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Истаравшан аҳолиро огоҳ мекунанд, ки дар асоси қарори ҳукумат №546 аз 29-уми ноябри соли 2023 таърифаҳои истифодаи барқ то 30,75 дирам боло меравад.
Ҷомӣ Умаров гуфт, ки таърифаҳои истифодаи барқ барои дигар категорияи истифодабарандагони барқ низ 16 дарсад боло меравад.
Қобили зикр аст, ки таърифаҳои нерӯи барқ то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва баъдан ҳамасола боло бурда шуданд.
Солҳои 2020-2021 ҳукумат тасмим гирифт, ки бинобар сабаби вазъияти душвори иҷтимоӣ-иқтисодии марбут ба оқибатҳои пандемия, аз боло бурдани нархҳо худдорӣ варзад.
Ахиран таърифаҳо барои ҳамаи категорияҳои истеъмолгарон ба ҷуз ТАЛКО (Ширкати алюминии тоҷик), 1-уми октябри соли 2022 боло бурда шуданд. Аз он дам аҳолӣ барои 1 киловатт-соат нерӯи барқ 26,51 дирам пардохт мекунад.
Аз 1-уми январи соли 2023 таърифа барои ТАЛКО низ то 15,57 дирам (давоми тамоми сол) боло бурда шуд.
То ин дам ширкат барои ҳар як киловатт-соат ба ҳисоби миёна 9,5 дирам (дар давраи тобистон аз 1-уми май то 30-юми сентябр - 7,20 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел - 11,80 дирам) пардохт мекард.
Истеъмолгарони неруи барқ дар Тоҷикистон ба категория бо таърифаҳои гуногун тақсим шудаанд, ки онҳо барои истифодаи барқ айни замон бо тариқи зайл маблағ пардохт мекунанд:
- барои истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ - 26,51 дирам;
- барои пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр - 9,2 дирам ва аз 1-уми октябр то 31-уми март - 26,51 дирам;
- барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 9,2 дирам;
- барои насосҳои интиқоли оби нӯшокӣ (ба истиснои насосҳои инфиродӣ) ва обу корез (канализатсия) - 12,6 дирам;
- барои “Комбинати металлургии Тоҷикистон” аз 1-уми май то 30-юми сентябр - 10,64 дирам ва аз 1-уми октябр то 30-юми апрел - 60,65 дирам;
- барои муассисаҳои ғайрибуҷетии соҳаи маориф - 45,51 дирам.
СМИ: Осужденных в России мигрантов из Таджикистана и Узбекистана заставляют отказываться от гражданства и ехать на фронт
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 15 октября 2024 года
Дефицит витамина D в солнечной стране: Почему, живя в Таджикистане, мы страдаем от него?
Таджикистан остается самой голодающей страной на постсоветском пространстве
Молодые архитекторы Таджикистана заняли призовое место на международном конкурсе в Ереване
В Таджикистане собрали около ста тысяч тонн винограда
Глава МИД Таджикистана прокомментировал отказ от матча со сборной России
100-летие республики. Как появилась ТАССР
Нобелевскую премию по экономике вручили за объяснение того, почему одни страны богатые, а другие — бедные
Незрячий мальчик из Варзоба представит Таджикистан на вокальном конкурсе «Белая трость»
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста