Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи паём ба парлумон пешниҳод кард, ки дар ҷумҳурӣ Агентии ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихии назди ҳукумат таъсис дода шавад.
Ӯ зикр кард, ки то имрӯз 15 мероси тоҷикон ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дохил шудаанд, ки “боиси ифтихор аст”.
Агентии мазкур бо мақсади густариш, эҳёву барқарор ва таҷдиди мероси фарҳангӣ ва таърихӣ, инчунин рушди соҳаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад.
Зикр шуд, ки тайи солҳои ахир бо қабули тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ҳалли мушкилот дар соҳаи фарҳанг баҳри муаррифии фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик дар арсаи байнулмилалӣ як қатор иқдомҳои муҳим рӯи даст гирифта шуданд.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Тоҷикистон барои шомил кардани ҷашни бостонии Меҳргон ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дархост пешниҳод кард.
Зулфия Бурҳон, котиби масъули Комиссияи миллии ЮНЕСКО навиштааст, ки бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва пайвастани насли муосир бо мероси ниёгон ҷашнҳои бостонии “Сада”-ву “Меҳргон” дубора эҳё карда шуданд.
"Аз ин рӯ, пешниҳоди ҷашни Меҳргон дар соли 2024 низ барои шомил шудан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО барои баррасӣ пешниҳод шудааст", - изҳор доштааст ӯ.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста