Арзиши сӯзандору ҳудуди 1,4 млн долларро ташкил медиҳад. Барои наҷоти Сулаймон тамоми мардуми Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя кумак карданд.

Аз вазъи душвори Сулаймон ҳамаи кишвар мутаассир шуд, зеро муолиҷаи бемории нодири ӯ - атрофияи мушаки пушти бадан (СМА) танҳо бо доруи гаронарзиш - «Золгенсма» имкон дошт.

Барои нархи ниҳоят гарони худ ин доруворӣ дар Китоби рекордҳои Гинес дохил аст.

Дар аввал нархи доруи «Золгенсма» ҳудуди 2,125 млн долларро ташкил медод, аммо бо сабаби он, ки Русия бо ширкати истеҳсолкунандаи Novartis қарордод дошт (Тоҷикистон надорад), сӯзандоруро бо нархи ҳудуди 1,4 млн доллар харидан мумкин буд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки дору тариқи Русия харида мешавад.


Ҷамъоварии маблағ моҳи декабри соли 2023 қатъ шуд. Ба гуфтаи модари Сулаймон, вақте ки ӯ тамоман умедашро аз даст дода буд, як шахси хайрхоҳе аз Русия бидуни ифшои ному насаби худ маблағи боқимондаро, ки ҳудуди 204 ҳазор долларро ташкил медод, ба фонди “Люди-маяки” интиқол дод.

Оилаи Сулаймон ба ин шахси хайрхоҳу эҳсонкор, фонди “Люди-маяки”-и Русия, фонди “Рука доброты”-и Тоҷикистон, Мансур Нигматов ва албатта, ба ҳар касе, ки хайрашро дареғ надошт, самимона изҳори минаттдорӣ кард.

Вақте ки маблағи зарурӣ ҷамъоварӣ шуд, фонди “Люди-маяки”-и Русия доруи “Золгенсма”-ро аз истеҳсолкунанда фармоиш дод.

Сурат аз шабакаҳои иҷтимоӣ

То дарёфти ин дору, дар муддати қариб як сол Сулаймон доруи дастгирикунандаи “Рисделпам” истеъмол мекард. Ин дору бемориро муолиҷа карда наметавонист, лекин муваққатан рушди миенбаъдаи онро бозмедошт. Арзиши 1 воя (доза)-аш 8 ҳазор доллар нарх дорад. Хароҷоти ин доруро худи волидони Сулаймон пардохт мекарданд.

Рӯзи 9 апрели соли 2024 Сулаймон дар ниҳояти кор “сӯзандоруи деринтизори ҳаёт” - ZOLGENSMA-ро гирифт.

“Интизорӣ тӯлонӣ буд, вале сарфи назар аз ҳама чиз, мо ба мақсад расидем ва акнун метавон осуда нафас кашиду ашки шодӣ рехт, гиря аз он, ки мо ҳама ҳамроҳ билохира то пирӯзӣ расидем!”, - хурсандӣ мекунанд волидони Сулаймон.

Волидони кӯдак ба ҳамаи онҳое, ки дар ин муддат ба хотири шифои Сулаймон дасти дуо бардоштаву онҳоро дастгирӣ карданд ва дар ҷамъоварии маблағ саҳм гузоштанд, самимона арзи сипос мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.