Нусхаи охирини филмномаи “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар Душанбе тасдиқ шуд ва ба зудӣ филмбардорӣ оғоз мегардад. Дар ин бора Файзулло Файзов, коргардони филм ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, филм аз ду қисм иборат буда, ҳудуди 4 соат таҳия мешавад.
“Филмнома тасдиқ шуд ва дигар тағйиру иловаҳо ворид намешаванд. Танҳо ҷузъиёти филмбардорӣ, аз ҷумла ҷойҳои филмбардорӣ, сару либос, декаратсия ва ғайра мушаххас гардида истодаанд. Пас аз ин, мо филмбардориро оғоз мекунем”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар нақши Ҷомиву Навоӣ киҳо ҳунарнамоӣ мекунанд, тасдиқ нашудааст ва мавриди баррасӣ қарор дорад.
“Ҳунарманди нақши Ҷомиро ҷониби Тоҷикистон ва Навоиро ҷониби Ӯзбекистон интихоб мекунанд. Ҳафт нафар дар нақши Ҷомӣ пешниҳод шудаанд, вале касе то ба ҳол тасдиқ нагардидааст”, - афзуд коргардон.
Аммо ӯ аз ҳеқ як ҳунарманди номзад ба нақши асосӣ ном нагирифт.
Интизор меравад, ки то охири тобистон филмбардорӣ оғоз шавад.
Ахиран дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Ӯзбекистон аз ҷониби гурӯҳи эҷодии ҷониби Тоҷикистон филмномаи мазкур мавриди таҳриру таҳлил қарор дода шуд.

Нусхаи ниҳоии филмномаи филми ҳунарии муштараки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” мувофиқа ва тасдиқ гардид. Зери он протокол директори “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ва муовини директори “Ӯзбекфилм” Шуҳрат Ризоев имзо гузоштанд.
Бояд гуфт, ки тасмими филмбардорӣ дар бораи Ҷомиву Навоӣ соли 2021, зимни сафари президентони ду кишвар ба давлатҳои якдигар рӯи даст гирифта шуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахси ҳикматшинос ва файласуф ҳам ном бурда мешавад, ки бо панду ҳикматҳои хеш ҳамаро ба худ қарин карда буд ва ҳатто ҳукмронони давр низ мафтуни донишу заковати ӯ гардида буданд.
Яке аз ҷанбаҳои муҳим дар зиндагиномаи Абдураҳмони Ҷомӣ ин муносибати дӯстии ӯ бо Алишер Навоӣ, сардафтари адабиёти классикии адабиёти ӯзбек мебошад. Ҷомию шогирдаш Навоӣ бо ҳамдигар самимона дӯстиву ҳамкорӣ доштанд, ки он далели хуби муносибатҳои чандинасраи адабию фарҳангии байни тоҷикону ӯзбекон мебошад.
Солҳои охир, бо беҳ гаштани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, дӯстии Ҷомӣ ва Навоӣ аз мавзӯҳои муҳиме дар суҳбатҳои сиёсатмадорони ду давлат гаштааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста