Марказҳои тестии Петербург дигар аз муҳоҷирон имтиҳон аз забони русиро қабул намекунанд. Ин дар пасманзари шадид шудани сиёсати муҳоҷират пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” сурат гирифт. Дар ин бора “Деловой Петербург” хабар медиҳад.
Қаблан вазири таҳсилоти олӣ ва илм Валерий Фалков супориш дода буд, ки назорат аз болои баргузории имтиҳонҳо ва додани сертификатҳо пурзӯр шуда, тарзи баргузории санҷишҳо тағйир дода шавад. Тадриҷан шадид шудани назорати давлатӣ бо тадбирҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамроҳ сурат мегирад.
Ба ин тариқ, дар Петербург ин амал бо кофтуков дар як ширкати тиҷоратӣ, ки тестҳо мегузаронид, рост омад ва ба гумони ба даст овардани фоида аз ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ панҷ нафар боздошт шуданд.
Тибқи иттилои манбаъҳои боз, имрӯз дар Петербург даҳҳо ширкатҳо мавҷуданд, ки дар онҳо хориҷиён метавонанд барои гирифтани патенти корӣ ё ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) имтиҳон супоранд.
Хабарнигори "Деловой Петербург" ба чанд ширкате занг зад, ки ба муҳоҷирон хидматҳои гуногун, аз ҷумла супурдани имтиҳони забони русиро пешниҳод мекунанд. Онҳо хабар додаанд, ки айни замон санҷиш гузаронида намешавад ва маълум нест, ки кай дубора оғоз мегардад.
Дар сомонаи дигар ширкат зикр шудааст, ки хидматрасонии супоридани имтиҳонҳо аз донистани забони русӣ танҳо ба шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад.
Зимнан, дар назар аст, ки танҳо аз 1-уми майи соли равон ба созмонҳои тиҷоратӣ гузаронидани чунин санҷишҳо ва додани сертификат барои донистани забони русӣ роҳ дода намешавад.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин система ба тарзи нав чӣ гуна роҳандозӣ мешавад ва оё донишгоҳҳо ҳар як хоҳишманди имтиҳонро қабул карда метавонанд ё не? Шояд донишгоҳҳои иҷозадошта марказҳои тестии худро боз кунанд.
Тибқи қоидаҳои амалкунанда, муҳоҷир дар 30 рӯзи аввали будубош дар Русия бояд имтиҳон супорад ва танҳо пас аз он метавонад патенти корӣ ё ҳуҷҷати иҷозаи зист гирад. Дар сурати аз имтиҳон нагузаштан, ӯ бояд қаламрави кишварро тарк кунад.
Ҳамсуҳбатони “Деловой Петербург” зикр кардаанд, ки ҳоло коргарони хориҷӣ воқеан бо ғайриимкон будани супоридани имтиҳон ва мутаносибан, таҳдиди ихроҷ дучор шудаанд. Инчунин маълум нест, ки оё давлат барои бозсозии пурсамари система то 1 май фурсат хоҳад ёфт, то ки муҳоҷирон дубора имтиҳон супоранд ё не.