Давоми чанд рӯзи охир Русия муҳоҷири тоҷикро дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои сарҳадиаш мавриди тафтиши шадид қарор дода, садҳо нафарро бидуни зикри сабаб, ихроҷ кардааст.
Танҳо аз 26 то 30-юми апрели соли 2024 аз 3 ҳазору 101 шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехостанд тавассути гузаргоҳи сарҳадии фурудгоҳи Внуково вориди Русия шаванд, 643 нафар, баъди боздошти чандинрӯза бидуни шароити мувофиқ, ихроҷ шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.
Ба гуфтаи Шоҳин Самадӣ, сухангӯи ВКХ, нисбати 117 шаҳрванди дигари Тоҷикистон қарори ихроҷ қабул шудааст.
“Дар ҳоли ҳозир ин шаҳрвандон низ дар боздоштгоҳҳои муваққатии фурудгоҳи Внуково дар шароити ғайриинсонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва мунтазири интиқол ба ватан ҳастанд”, - гуфт Шоҳин Самадӣ.
Ӯ афзуд, чунин вазъияти душвор дар фурудгоҳҳои Шереметево, Жуковский ва Домодедово низ мушоҳида мешавад.
“Ихроҷ мекунанд, аммо сабабашро намегӯянд”
Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар чанд рӯзи охир ба Русия сафар карда, аз фурудгоҳ ба ватан баргардонида шудаанд, низ мегӯянд, кормандони мақомоти масъули Русия ба онҳо сабаби ихроҷашонро шарҳ намедиҳанд.
Дар навори зер, ки ду рӯз пеш, 29-уми апрел таҳия шудааст, муҳоҷирони ихроҷшуда андешаашонро баён кардаанд:
Бояд гуфт, мушкили вуруд ба Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон тахминан даҳ рӯз пеш оғоз шуд. Он замон садҳо тоҷиконе, ки мехостанд тавассути Қазоқистон вориди Русия шаванд, шикоят карданд, ки онҳоро ба таври хос ва шадидтар аз шаҳрвандони кишварҳои дигар тафтиш мекунанд ва баъди ин ҳам аксариятро намегузоранд вориди Русия шаванд.
Эътирози Тоҷикистон ва занги вазири рус
Дар пайи ин мушкил, рӯзи 26-уми апрел, сафири Русия дар Тоҷикистон Сергей Григорев ба ВКХ давъат шуд. Ба сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон дар робита ба эҷоди мушкил дар вуруди шаҳрвандонаш ба Русия расонида шуд.
29-уми апрел, ВКХ-и Тоҷикистон сафири Русия дар Тоҷикистон Сергей Григоревро дубора даъват карда, дар робита ба банд мондани садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо ва дигар гузаргоҳҳои сарҳадии Русия, инчунин поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо нотаи эътирозӣ супорида буд.
Дар нотаи эътирозӣ омада буд, ки “ин гуна амалҳо танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки ин ба рӯҳ ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест”.
Баъди ин, 30-юми апрел, Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон занг зад.
Ба иттилои Шоҳин Самадӣ, сӯҳбати телефонӣ бо дархости ҷониби Русия сурат гирифта, зимни он вазирони корҳои хориҷии ду кишвар вазъи душвори шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русияро, ки дар пайи чораҳои шадиди мақомоти Русия пеш омадааст, баррасӣ кардаанд.
“С.Лавров иброз дошт, ки вокуниши ҷониби Тоҷикистонро ба ин масъала дарк мекунад”, - гуфт Шоҳин Самадӣ.
Ба иттилои ин ниҳод, дар пайи изҳороти С.Лавров “бар зидди кадом миллату дине равона нашудани чораҳои андешидашуда” С.Муҳриддин таъкид кардааст, ки ин нукта бо вазъи воқеӣ созгор нест ва амалҳои номатлуб танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешаванд.
Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кардааст, ки чунин бархӯрди манфӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густурдаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба принсипҳои равобити дуҷониба мувофиқат намекунад. Дар ин замина таваҷҷуҳи Сергей Лавров ба зарурати риояи муқаррароти санадҳои ҳуқуқии асосии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ва Шартнома дар бораи хамкории иттифоқӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз ҷониби Русия ҷалб карда шудааст.
“Мусоҳибон дар мавриди зарурати нигоҳ доштани пойбандии тарафҳо ба принсипҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ ибрози назар карданд”, - гуфт Шоҳин Самадӣ.
Пештар аз ин ВКХ-и Русия ҳам дар бораи суҳбати телефонии вазирони ду кишвар хабар дода, навишт, ки ба ҷониби Тоҷикистон дар бораи чораҳои андешидаи хадамотҳои Русия ҷиҳати пешгирии терроризм тибқи қонунгузории Русия тавзеҳоти муфассали иловагӣ дода шуд.
“Ҳодисаҳои фоҷиавӣ дар “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав сабаби асосии тафтиши ҳамаҷонибаи шаҳрвандони хориҷӣ шудааст. Махсус таъкид шуд, ки чорабинии ахир хусусияти муваққатӣ дошта, он зидди кадом миллату дине равона нашудааст ва ин ҳолат ба оҳистагӣ дар гузаргоҳҳо оддӣ мешавад”, - гуфта мешавад дар хабарномаи ВКХ-и Русия.
ВКХ-и Русия ҳам навишт, ки ҷонибҳо дар мавриди заруратӣ муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Тоҷикистону Русия, инчунин, нигоҳ доштан ва таҳкими динамикаи мусбати ҳамкорҳои ду кишвар ибрози назар карданд.
Эмомали Рахмон призвал принять Конвенцию по борьбе с международным терроризмом
В Душанбе стартовали бесплатные курсы по созданию медиаконтента и борьбе с дезинформацией
Таджикские джунгли. Один день из жизни лесничего «Тигровой балки»
В его душе всегда горел огонь исканий, раздумий и сомнений. Памяти Мухаммада Бобоходжаева
В Таджикистане впервые провели операцию на поджелудочной железе онкобольному
Как зарегистрировать компанию и вести бизнес в Таджикистане?
Замглавы МИД Таджикистана заявил о важности расширения сотрудничества с Южной Кореей
Более 3 тысяч иностранцев получили гражданство России за участие в СВО в Украине
Как получить паспорт в странах Центральной Азии?
Таджикистан и АБР подписали грантовое соглашение по проекту строительства зелёного коридора
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста