Агентии рушди байнулмилалии KazAID-и Қазоқистон ба сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон барои таҳсили мутахассисон оид ба технологияҳои иттилоотӣ (IT-мутахассисон) дар доираи барномаи рушди сармояи инсонии «Tech Orda» аз Astana Hub 100 ваучер дод.
Тавре ки дар сомонаи KazAID хабар дода мешавад, дар чаҳорчӯби Барнома иштироки фаъолонаи ҷавонон аз Тоҷикистон дар Барномаи «Tech Orda», ки ба таҳсили IT-мутахассисон дар IT-мактабҳои пешрафтаи хусусӣ нигаронида шудааст, пешниҳод мешавад.

Пешниҳоди мазкур барои ҷавонони қобилиятноки тоҷик ҷиҳати истифодаи имконоти худ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ бо шумули таҳияи сомонаҳо, кибербехатарӣ, таҳияи барномаҳо дар Python, FullStack, C# ва Data Science шароити мусоид фароҳам оварда, ба онҳо ҷиҳати дарёфти малакаҳои муҳиму рӯзмарра дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ кумак мекунад.
“Қазоқистон дорои сатҳи баланди рақамисозӣ буда, омода аст, ки таҷрибаи пешрафтаи худро ба дигар кишварҳои минтақа омӯзонад”, - зикр кардаанд дар KazAID.
Ташаббуси мазкур қисмате аз кумаки расмӣ ба рушд ва дастгирии ҷавонон дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки ба таҳкими муносибатҳои шарикӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон равона шудааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста