Имсол моҳи июн дар саросари кишвар миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ шуда, ҳамчунин баъзан пурзӯр шудани суръати вазиши шамол аз самти ғарб бо чангу ғубор дар назар аст. Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2º пасттар  пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 24+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 17+19º гармиро ташкил медиҳад.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳои НТҶ 6 мм, дар водиҳои вилояти Хатлон 1-8 мм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 12-21 мм).

Рӯзҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол бо суръати то 13-18м/с аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2º пасттар пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 25+26º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 12+14º гармиро ташкил медиҳад.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳо 5 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 16-35 мм).

Рӯзҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22м/с аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.

Дар минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1-2º пасттар пешгӯӣ шуда, 13+17º гармиро ташкил медиҳад.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ 30-38 мм, дар ғарби ВМКБ 4-16 мм).

Рӯзҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 10-15м/с аз эҳтимол дур набуда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.

Дар шарқи ВМКБ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-2º пасттар пешгӯӣ шуда, +4º гармиро ташкил медиҳад. Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 0-5º хунук то 2+7º гарм, рӯзона аз 8+13º гарм то 15+20º гарм мешавад.

Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: 5-16 мм). Рӯзҳои алоҳида шиддатнокии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 10-15м/с аз эҳтимол дур нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.