Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои миллии рушд рӯзи 10 июн кишоварзони тоҷикро аз эҳтимоли камобиву хушксолии имсола огоҳ кард.
Сарвари давлат зикр кард, ки дар фасли баҳори соли 2024 низ боришоти пайдарпай ба хоҷагиҳои хонаводагӣ ва кишоварзӣ хисороти зиёд ба бор оварданд.
“Тирамоҳу зимистони гузашта, баръакс, хеле камбориш омад. Ин ҳолат боиси коҳиши манбаъҳои ташаккулёбии захираҳои оби минтақа гардид, ки беш аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгиранд, - гуфт ӯ. - Аз ин лиҳоз, бо эҳтимоли зиёд, соли ҷорӣ низ моро камобиву хушксолӣ дар пеш аст”.
Зикр шуд, ки дар баробари ин, ҳамасола бо сабабҳои таъсири омилҳои экологию хоҷагидорӣ заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз гардиш берун мемонанд.
Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки ҳоло зиёда аз 40 ҳазор гектар замин дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дорад.
“Чунин ҳолат боиси сарбории иловагӣ ба буҷети давлат мегардад. Ҳамасола бо дастгирии шарикони рушд лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар самтҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, обёрӣ ва беҳдошти замин, барқарорсозии чарогоҳҳо ва дигар самтҳо амалӣ мешаванд, аммо ин маблағҳо кофӣ нестанд”, - изҳор дошт президенти мамлакат.
Дар ин робита, президенти Тоҷикистон таҳия ва амалисозии механизмҳои нави маблағгузорӣ ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои устувори пешгирӣ аз пайомадҳои манфии офатҳои табиӣ, ислоҳоти соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти заминро зарур медонад.

Бо ин мақсад, ҳукумати мамлакат Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои солҳои 2016 – 2025, инчунин, Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» барои солҳои 2023 – 2037-ро қабул намудааст, ки барои бартараф намудани масъалаҳои ҷойдошта ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ равона карда шудааст.
Тавре ки дар таҳқиқоти олимони Чин дар маҷаллаи Nature Geoscience зикр мешавад, ояндаи наздик аз ҳама бештар қисмати ҷанубии Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон осеб мебинанд.
Дар ин ҷо ҷунбиши байни даҳаҳо дар Уёнуси Ором нақши асосӣ мебозад. Он, ба ақидаи муҳаққиқон, ба коҳиши боришоти атмосферӣ дар Осиёи Марказӣ боис мегардад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста