Чойхонаи “Роҳат” ва Театри Лоҳутӣ, ду бинои ёдгор аз замони шӯравии Душанбе тахриб мешаванд ва дар ҷойи онҳо биноҳои замонавӣ бунёд мегарданд.
Дар ин бора Низом Мирзозода, раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон, имрӯз, 29-уми июл, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Баҳси тахриби ин ду бино муддатҳост идома дошт ва то ин лаҳза ҳеҷ як мақоми расмӣ иттилои дақиқи ироа накарда буд.
Ниҳоят Низом Мирзозода гуфт, ин ду бино кӯҳна шудаанд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест.
“Аммо бренди чойхонаи “Роҳат” ва Театри ба номи Лоҳутӣ нигоҳ дошта шуда, барои онҳо биноҳои нав сохта мешаванд”, - зикр кард Мирзозода.
Вале ӯ нагуфт, ки ин ду бино кай тахриб гардида, биноҳои нав кай ва дар куҷо бунёд карда мешавад.
Бояд гуфт, дар бораи эҳтимоли тахриби Чойхонаи “Роҳат” пештар низ Низом Мирзозода зикр карда буд, аммо ин бори аввал аст, ки ӯ дар хусуси тахриби Театри Лоҳутӣ изҳори назар мекунад.

Ҳафтаи гузашта Манучеҳр Шарифзода, муовини вазири фарҳанг дар робита ба тахриби бинои Театри академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ гуфта буд, ки ин иттилоъ асоси воқеӣ надорад ва танҳо овоза аст.
“Театр фаъолият карда истодааст ва дар масъалаи барҳам додани он ҳоли ҳозир ягон супориш нашудааст”, - зикр намуд ӯ.
Бояд зикр кард, ки айни ҳол дар атрофи ин ду бинои фарҳангии пойтахт сохтмон идома дорад ва қисме аз Чойхонаи “Роҳат” тахриб шудааст.

Чойхонаи “Роҳат” соли 1958 сохта шуда, яке аз маконҳои дидании пойтахт ба шумор меравад. Дар хусуси баҳси тахриби Чойхонаи “Роҳат” дар ин матлаб иттилои бештар дастрас аст: Тахриби чойхонаи “Роҳат” дубора “мавриди баррасӣ” қарор гирифтааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста