Нархи либос ва лавозимоти мактабӣ дар ярмаркаҳо тақрибан ба нархи бозору мағозаҳои пойтахт наздик аст. Сокинон бо наздик омадани соли нави таҳсил аз гарон будани нархи либос ва лавозимоти мактабӣ шикоят мекунанд.
Хабарнигори “Азия‑Плюс” бо нарху навои ярмаркаҳои фурӯши либосҳои мактабӣ дар бозори “Корвон”, корхонаи “Нассоҷии тоҷик” ва корхонаи “Гулистони Душанбе” ошно гардид ва назари сокинону масъулинро оид ба нархгузорӣ пурсид.
Ярмаркаҳои бозори “Корвон”
Дар ярмаркаи либосҳои мактабии бозори “Корвон” шиму костюм, нимча ва домани мактабӣ, куртаи сафед, сумка, пойяфзол, дафтару қалам ва дигар лавозимоти хониш ба фурӯш гузошта шудааст.
Албатта, дар бозор нарх поёну боло бурда мешавад, аммо дар умум ва ба ҳисоби миёна нархи либосу лавозимоти мактабӣ дар бозори “Корвон” ба тариқи зайл аст:
“Нархи ярмаркаҳо як -ду сомонӣ фарқ мекунад”
Як савдогари бозори “Корвон” ба “Азия‑Плюс” гуфт, ки гурӯҳе аз фурӯшандаҳои бозор бо хоҳиши худ дар ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ иштирок доранд. Ӯ гуфт, арзиши либосу лавозимоти хонишро бо назардошти хароҷоташон муайян мекунанд.
“Нарх аз мағозаҳои бозор як-ду сомонӣ арзон аст. Ба мо гуфтанд, ки агар хоҳиш дошта бошед, молу маҳсулотатонро дар ярмаркаҳо ба намоиш гузоред ва фурӯшед”, ‑ гуфт савдогари бозор.
Фурӯшандаи дигари бозор дар сӯҳбат гуфт, ки ҳоло мавсими хариди либосҳои мактабӣ аст, ба ҳамин хотир нарх на он қадар арзон аст.
“Савдогарон ҳамасола дар моҳи сентябр либосу лавозимоти мактабии боқимондаашонро тахфиф мекунанд ва бо нархи дастрас ба сокинон пешниҳод мекунанд”, ‑ афзуд ӯ.
Дар ҳамин ҳол харидорон мегӯянд, ки тағйироти назаррас дар нархгузории ярмаркаҳо дида намешавад.
Мавзуна, як сокини пойтахт, ки ду фаразандаш мактабхон аст, гуфт, ҳар сол аз ярмаркаҳо харид мекунад. Ӯ иброз кард, ки бо беш аз 1500 ҳазор сомонӣ ба ҳарду фарзандаш либос ва лавозимоти мактабӣ харидорӣ мекунад.
“Як шиму костюм бо нархи 280 сомонӣ гирифтам. Соли гузашта низ бо ҳамин нарх харида будам, дар нархгузорӣ қариб ки таффовуте нест. 15‑20 сомонӣ аз нархи бозор фарқ мекунаду халос”, ‑ таъкид кард ӯ.
Ярмаркаи корхонаи “Нассоҷии тоҷик”
Дар ярмаркаи корхонаи “Нассоҷии тоҷик” низ либосҳои мактабӣ на он қадар арзон аст. Коргоҳи мазкур маҳсулоти худро аз рӯйи сифат ва матои либос нархгузорӣ кардааст.
Мушкинисо Азимова, сокини пойтахт, шаш набераи мактабхон дорад. Ӯ ҳамасола бо фаро расидани оғози соли хониш ба набераҳояш аз ярмаркаҳо либосҳои мактабӣ мехарад. Ӯ дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки нарх дар ярмаркаҳо аз нархи бозору мағозаҳо аз 20 то 30 сомонӣ фарқ дорад.
“Аз ярмаркаи корхонаи “Нассоҷии тоҷик” ба 300 сомонӣ як шиму костюм ба набераам гирифтам, ҳоло боз сумка, пояфзол, дафтару қалам ва дигар лавозимоти мактибиашро нагирифтаам. Маҳсулот барои бойҳо ҳам ҳаст, ман ба чени пули доштагиам либос интихоб мекунам. Аз нархи бозор 20 сомонӣ фарқ мекунад”,‑ гуфт Мушкинисо Азимова.
“Бо мудирони маорифҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе шартнома бастаем”
Шифо Собиров, намояндаи корхонаи “Нассоҷии тоҷик” дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки нархи маҳсулот аз рӯйи сифат ва тарҳи маҳсулот муайян шудааст ва ба талаботои замон ҷавобгӯ аст.
“Иттиҳодияи корхонаи “Нассоҷии тоҷик” баҳри ба фурӯш гузоштани маҳсулоти либосҳои мактабӣ бо мудирони бахши маориф и ноҳияҳои шаҳри Душанбе, махсусан ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур ва ноҳияи Фирдавсӣ шартномаҳои дуҷонибаро ба имзо расонидааст, ки дар асоси шартномаҳо омада аз мо харидорӣ менамоянд”, ‑ гуфт Шифо Собиров.
Ӯ афзуд, ки давоми шаш моҳи охир корхонаи “Нассоҷии тоҷик” 108 ҳазору 920 дона либосҳои мактабӣ истеҳсол кардаанд.
Нархи либосҳои мактабӣ дар корхонаи “Гулистони Душанбе”
Дар корхонаи “Гулистони Душанбе” низ ярмаркаи фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил шудааст. Тавре масъулини ин коргоҳ ба “Азия‑Плюс” гуфтанд, матои онҳо туркӣ аст ва аз рӯйи сифати либос нархгузорӣ мешавад.
Ба гуфтаи масъулин арзиши шиму костюм аз 250 то 400 сомонӣ, куртаи сафед аз 60 то 100 сомонӣ мебошад.
Таджикские IT-таланты. Как наши соотечественники покоряют зарубежные платформы
«Репортеры без границ»: в 2024 году в мире погибли 54 журналиста
«Алиф» получил награду Mastercard за запуск Google Pay в Таджикистане
Афиша от «Азия-Плюс»: долгожданная Tarona Music Award-2024, «Вечер русского рока» и зимняя ярмарка ремёсел
Банк Эсхата запустил новый сервис по покупке авиабилетов
В Таджикистане планируют выпускать займы для устранения последствий стихийных бедствий
В Душанбе обсудили сотрудничество Таджикистана и Южной Кореи в сфере минеральных ресурсов
Лидер захватившей в Сирии власть группировки вернул родителям конфискованную квартиру в Дамаске
Рейтинг безопасности. Кто его составляет, и насколько ему можно доверять?
Таджикистан ускорит согласование документов по миграции во время председательства в СНГ
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста