Дар 150 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе низоми автоматии назорати раванди таълим тавассути барномаи электронии “e-donish” ҷорӣ карда шуд. Ин барнома дастрасӣ ба маҷаллаи электронӣ, рӯзнома, ҷадвал, ҳузури донишҷӯён ва фаъолият дар дарсҳоро фароҳам меорад.

Ҳамчунин тавассути “e-donish” волидайн метавонанд вақти ба мактаб омадан ва рафтани фарзандашонро пайгирӣ кунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар КВД “Шаҳри ҳушманд” (Smart city)-и шаҳри Душанбе, ки ин лоиҳаро амалӣ мекунад, иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи Дилноза Комилзода, сармутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои ин ширкат, лоиҳа соли 2021 ба кор шуруъ кардааст. Ҳадафи он рақамикунонии соҳаи маориф ва роҳандозии платформаи ягона барои идоракунии фаъолияти таълимӣ мебошад.

“Дар чор сол “e-donish” аллакай дар тамоми муассисаҳои таълимии давлатии пойтахт ҷорӣ гардид. Мо нақша дорем, имсол татбиқи барномаро тақрибан дар 40 мактаби хусусӣ низ оғоз кунем", - гуфт Комилзода.


Барнома маҷмӯи замимаҳои интернетӣ ва мобилӣ буда, барои идоракунии раванди таълим пешбинӣ шудааст. Бо кӯмаки он, волидон метавонанд аз "ҳаёти мактабӣ"-и фарзанди худ бохабар бошанд. Аз ҷумла, маълумоти ҳаррӯзаро дар шакли огоҳиҳои “push” дар бораи баҳо, раванди дарс ва вазифаи хонагӣ гиранд.

“Ва ҳамаи инро метавон мустақим, дар вақти воқеӣ назорат кард”, - афзуд Дилноза Комилзода.

Масалан, дар журнали электронӣ муаллим метавонад баҳои гузошташударо шарҳ диҳад ва ҳангоми пур кардани он баҳоҳо ва вазифаи хонагӣ ба таври худкор дар рӯзномаи электронии хонандагон пайдо мешаванд.

Ба саволи “Азия-Плюс”, ки оё дар як дарс, ки 45 дақиқа давом мекунад, омӯзгор ғайр аз гузаштани дарси наву пурсидан вазифаи хонагӣ, барои пур кардани ҳам журнали анъанавӣ ва ҳам электронӣ вақт пайдо карда метавонад, мутахассис посух дод, ки низом пурра автоматикунонида шудааст ва пур кардани журнали электронӣ 5 дақиқа вақтро мегирад, ки ин баръакс вақти муаллимро сарфа мекунад.

“Шояд бо мурури замон журнал ва рӯзномаҳои анъанавӣ аз байн раванд, ки ин вақт ва маблағро барои хариди онҳо сарфа мекунад. Омӯзгорон ва волидайн метавонанд бо як пахш журнал ва рӯзномаҳои электрониро тафтиш кунанд, имзо гузоранд ва шикояту пешниҳоди худро нависанд», - гуфт Комилзода.

 


Ҳамчунин, низом вақти омадан ва рафтани хонандагонро сабт карда, дар ин бора волидонро фавран огоҳ мекунад. Бо ин мақсад дар даромадгоҳи муассисаҳои таълимӣ камераҳои назоратии “Face ID” бо функсияи шинохти чеҳра насб шудаанд.

“Технологияи нави истифодашуда ба барнома имкон медиҳад, ки чеҳраи хонанда ва муаллимро аз аксҳои ба низом қаблан воридшуда ба таври худкор шиносад. Яъне, волидон метавонанд дар хона ва ё дар ҷои кор ҳангоми омадану рафтани фарзандашон ба мактаб фавран огоҳинома гиранд”, - шарҳ дод мутахассис.

 


Иилова бар ин, ба барнома парвандаҳои шахсӣ ва маълумот дар бораи хонандагону омӯзгорон илова шудааст. Ин ба мақомоти болоӣ имкон медиҳад, ки кори мактабҳоро онлайн тафтиш кунанд.

Барои идораи кори барнома бошад, дар тамоми мактабҳо як воҳиди холии корӣ - мудири лоиҳа таъсис дода шудааст.

“e-donish то ҳол танҳо дар Душанбе ҷорӣ шудааст, аммо мо омодаем, ки онро дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ амалӣ созем. Барои татбиқи лоиҳа мо аллакай чанд дархост гирифтаем, вале дар ин бора ҳоло тафсилоти иловагие дода наметавонем”, - иттилоъ дод  Дилноза Комилзода.

Бояд гуфт, ки барнома барои тамоми корбарон комилан ройгон аст. Барои кӯмак ба волидайн бошад, маркази махсуси тамос ташкил шудааст, ки ҳамарӯза аз соати 8:00 то 22:00 фаъолият мекунад.

“Волидон метавонанд ба рақами 0021 занг занда, ба саволҳои худ ҷавоб гиранд ", - илова намуд Комилзода.


 

Корбарон чӣ мегӯянд?

Оӯзгорон ва волидоне, ки “Азия-Плюс” бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, аксаран ба барнома баҳои мусбат доданд. Онҳо аз кори “e-donish” қаноатманданд. Аммо, тавре маълум гардид, на ҳама волидон аз ин барнома истифода мебаранд. Тавре омӯзгори яке аз литсейҳои пойтахт ба шарти ифшо нашудани номаш ба мо гуфт, бисёре аз волидайн ба ин низом пайваст нестанд ва раванди таҳсили фарзанди худро назорат намекунанд.

“Дар мактабе, ки ҳазор хонанда дорад, шояд волидони ҳамагӣ 200 нафари онҳо аз ин барнома истифода намуда, ҳар ҳафта баҳои фарзандони худро тафтиш мекунанд. Дар ҷое шояд бештар, дар ҷое камтар. Аз чӣ сабаб бошад, ки аксари волидон ба ин шавқманд нестанд. Омори расмӣ шояд дигар бошад, аммо воқеият ин аст”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Аммо дар маҷмӯъ муаллим ба низом баҳои мусбат медиҳад: “Барои соҳаи маориф хеле қулай ва муфид аст”.

“Барнома метавонад фаъолияти хонандаро дар мактаб, баҳо ва рафтори ӯро пурра инъикос кунад ва агар волидайн аз он бештар истифода мекарданд, зарурат ба даъвати онҳо ба мактаб намемонд", - афзуд ӯ.

Модари ду мактабхон Маҳина Нурматова низ ба ин розӣ аст. Ба гуфтаи зан, тавассути барнома ӯ ҳар ҳафта фаъолияти фарзандонашро назорат мекунад ва баҳоҳояшонро месанҷад.

"Барнома хеле қулай аст. Махсусан, барои волидони коргар. Азбаски кӯдакон телефони мобилиро ба мактаб намебаранд, мо, волидон, аксар вақт нигарон мешавем. Бо ёрии “e-donish” бошад, шумо метавонед мустақиман аз идораи кориатон бо ҷадвали дарсии фарзандони худ шинос шуда, вақти рафту омади онҳоро назорат кунед", - гуфт Нурматова.

Ёдовар мешавем, ки қарор дар бораи ҷорӣ намудани лоиҳаи электронии “e-dinish” дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе 6 августи соли 2020 қабул шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.