Вазорати маориф ва илми кишвар дар пайи шикояти бархе волидайн дар бораи хариди иҷбории сару либоси мактабӣ гуфт, ин ниҳод масъалаи харидории либоси мактабиро ба танзим намедарорад ва коргоҳу корхонаи дӯзандагӣ надорад.
Ин ниҳод бо пахши як изҳорот афзуд, падару модарон метавонанд аз дилхоҳ нуқтаи фурӯш сару либоси мактабӣ харанд.
Бо оғози соли хониш ва мавсими хариди сару либоси мактабӣ шикояти сокинони кишвар дар бораи он ки масъулини мактабҳо онҳоро барои хариди либоси мактабӣ ба коргоҳу корхонаи дӯзандагии махсус равон мекунанд, зиёд шуданд.
Вазорати маориф ва илми кишвар гуфтааст, ки онҳо танҳо ранг ва намуди либоси мактабиро тавсия додаанд, на коргоҳу корхонаи дӯзандагиро.
Дар вокуниш гуфта мешавад, вазорат барои дастрас намудани либоси мактабӣ харидории маҳсулоти ватаниро тавсия додааст, вале дар сурати қонеъ набудан аз дилхоҳ ҷой харидории он иҷозат аст.
"Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки соли 2006 пешниҳод шудааст, танҳо тавсия барои ба танзим даровардани раванди пӯшидани либоси мувофиқ аст ва барои такмили тарбияи ахлоқӣ ва маънавии онҳо нақши муҳим мебозад”, - омадааст дар вокуниш.
Қаблан вазорат дар бораи чӣ гуна ҷувздон ва пояфзол доштани хонандагони муассисаҳои таълимии кишвар мавҷуд набудани ягон дастурамал ё тавсияро тасдиқ карда буд. Дирӯз бошад вазорат гуфт, пӯшидани тоқӣ барои духтарон дар мактабҳо низ маҷбурӣ нест.
Дар оғози мавсими хариди сару либоси мактабӣ хабарнигори "Азия-плюс" аз ярмаркаҳои мактабӣ дар шаҳри Душанбе дидан ва нархи онҳоро муқоиса карда буд.




Tarona Music Award - 2025: Скоро зажжём!
Синоптики предупреждают о сильных осадках в Таджикистане в начале следующей недели
Сироджиддин Мухриддин обсудил двусторонние отношения с министрами Финляндии и Венгрии в Вене
IM GROUP стал официальным партнёром Tarona Music Award-2025
Как таджики защищали Москву от фашистов в 1941-ом году
Александр Крестинин покинул «Худжанд»: клуб снова в поиске тренера
Tcell и ESCS объявляют о стратегическом партнерстве для запуска новой эры интерактивного гейминга в Таджикистане
Гособвинитель требует пожизненного заключения для Саифулло Азимова, обвиняемого в убийстве семьи в Рудаки
Центробанк России снимет ограничения на перевод денег за границу
Мэр Москвы посоветовал взять в руки метлу тем, кто недоволен мигрантами
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста
РАЛЛИК27 сентября, 2024 22:08
Мардум рост мегуянд ягон чои инъкор нест. Хама чиз мачбури шудаст, бар хар бахона аз мардум пул меситонанд. Аз чумла вазорати маориф хам мардумро мачбур мекунандЮ ки бояд сарулибоси мактабиро аз текстил бо нархи гарон бихаранд, гарчанде сифаташ хело паст хаст. Бачои он ки сиафти таълиму тарбияро баланд бардоранд, инхо бизнесс карда гаштанд. Дар синфхо аз 40 то 60 талаба нишастагианд. Хатто дар лицеи президенти нархаш аз 5 то 8 хазор ва аз болояш боз китобхоро хам волидайн мехаранд. Хатто барои ба мактаб дохил шудан бояд пора бисупоред ки нархаш имсол то хазор доллар шудаст. Ачиб хаст мафкураи фассодзадагон