Дастаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе дар бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 аз “Сипоҳон”-и Эрон шикаст хӯрд. Набарди дастаҳо дар шаҳри Исфаҳони Эрон баргузор гардид ва бо ҳисоби бузурги 4 бар 0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт.
Пас аз баргузории ду даври мусобиқа “Истиқлол” бо ду шикаст ва 0 имтиёз дар поёни ҷадвали гурӯҳи “С” қарор гирифт. Дастаи “Сипоҳон”-и Эрон бо пирӯзӣ дар баробари “Истиқлол” се имтиёз ба даст овард ва ҷойи сеюмро дар гурӯҳ моли худ кард.
Рақобати дигар дар гурӯҳи “С” миёни дастаҳои "Ал-Шарҷа"-и Аморати Муттаҳидаи Араб ва “Ал-Ваҳда”-и Урдун бо натиҷаи 2:2 мусовӣ анҷом ёфт. Ин ду даста мутаносибан дар зинаҳои якум ва дуюми гурӯҳ ҷой гирифтаанд.
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 рӯзи 22-юми октябр “Истиқлол” дар Душанбе бо дастаи “Ал-Ваҳда” вохӯрӣ анҷом медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки дастаи пойтахти кишвар дар даври аввал дар баробари "Ал-Шарҷа" бо натиҷаи 0 бар 1 ноком шуда буд.
Имрӯз дастаи дигари Тоҷикистон – “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб бозии дуюми худро дар Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё муқобили дастаи “Ал-Вақра»-и Қатар дар Душанбе баргузор мекунад.
"Равшан"-и дар бозии якуми худ бо дастаи "Моҳун Баган"-и Ҳиндустон бозиро бо натиҷаи 0 бар 0 мусовӣ карда буд.
Бояд гуфт, ки бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд.
Ҳарифон дар даврҳои баъдӣ мувофиқи ҷойи ишғолкардаашон дар гурӯҳҳо (1 ва 2-юм) муайян карда мешаванд, яъне дастаи 1-уми як гурӯҳ бо дастаи 2-юми гурӯҳи дигар бозӣ мекунад. Шурӯъ аз даври чаҳорякниҳоӣ рақибон тариқи қуръапартойӣ муайян карда мешаванд.
Имсол мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2 бо ширкати 32 даста доир мегардад. Дастаҳо ба ду минтақа – Шарқ ва Ғарб тақсим шудаанд. Ҳар як минтақа аз 16 даста иборат аст.
Дастаҳои “Истиқлол” ва Равшан” ба минтақаи Ғарб дохиланд. Дастаҳои ғолиби минтақаҳо ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки соли оянда дар Лигаи асосии қаҳрамонҳои Осиё иштирок кунанд.
«Банк Развития Таджикистана» открыл новые корреспондентские счета в зарубежных банках
"Антимигрантский" октябрь. Что ждет мигрантов после принятия новых законов в России?
Работы таджикского художника были представлены в Брюсселе
Как открыть российскую карту, не выезжая из Таджикистана?
Первый рейс Душанбе-Хорог состоялся сегодня
Какой грипп циркулирует в Таджикистане, где сделать от него прививку и сколько это стоит?
На Таджикистан надвигается очередная пыльная буря
Более 85% экстремистов из числа граждан Таджикистана стали ими, будучи в трудовой миграции
В какую корзину попал Таджикистан перед жеребьевкой отбора на Кубок Азии-2027?
Эмомали Рахмон предложил Катару создать совместный инвестиционный фонд
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста