Дар Тоҷикистон муҳлати таътилҳои мактабӣ тағйир ёфт: акнун хонандагон дар таътилҳои тирамоҳӣ ва зимистона 7 рӯз истироҳат карда, таътили баҳорӣ ҳамагӣ 5 рӯз давом мекунад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ хабар доданд.

Қаблан хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон дар таътилҳои тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ 10 рӯз истироҳат мекарданд: аз 1 то 10 ноябр, аз 1 то 10 январ ва аз 21 то 31 март.

Мувофиқи ҷадвали нав таътили тирамоҳӣ аз 1 то 7 ноябр, зимистона - аз 1 то 7 январ ва баҳорӣ - аз 25 то 29 март давом мекунанд.

Соли хониши 2024/2025 бидуни назардошти аттестатсияи ҷамъбастӣ 35 ҳафта ва барои хонандагони синфи 1-ум - 34 ҳафта давом меёбад.

Сабаб зиёд шудани таътили тобистона

Дар Вазорат зикр карданд, ки ҷадвали нави таътилҳо бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 тасдиқ шуда, то соли 2016 амал мекард ва акнун боз мавриди амал қарор гирифт. Зикр шуда буд, ки сабаби камшавии рӯзҳои таътили тирамоҳӣ, зимистона ва баҳорӣ аз ҳисоби зиёдшавии рӯзҳои таътили тобистона сурат мегирад.

“Бо назардошти тағйирот, ҳафтаҳои хониш аз 36 то 35 ҳафта кам шуда, дар ҳамин ҳол, чоряки чорум на 14 июн мисли солҳои пешин, балки 31 май ба охир мерасад. Мутаносибан таътили тобистона дар мактабҳои Тоҷикистон аз 1 июн оғоз мешавад”, - хабар доданд дар Вазорати маориф.

Пештар хонандагон дар як сол ду маротиба истироҳат мекарданд

Ёдрас мекунем, ки соли 2010 таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ дар мактабҳои Тоҷикистон бекор карда шуданд. Ин тасмим дар шароити буҳрони энергетикӣ, ки мактабҳо гарм намешуданду дар ҷумҳурӣ реҷаи шадиди интиқоли маҳдуди барқ (лимит) амал мекард, гирифта шуда буд.

Он замон таътили зимистона то як моҳ дароз карда шуда, дар натиҷа барои ҷуброни истироҳати моҳи январ, кӯдакон аз таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ маҳрум шуданд.

Баъди як сол, моҳи октябри соли 2011 бидуни шарҳи сабабҳо Вазорати маориф изҳор дошт, ки баҳору тирамоҳ танҳо хонандагони синфҳои ибтидоӣ истироҳат мекунанд. Соли 2012 бошад, истироҳат дар миёнаи мавсимҳоро барои синфҳои ибтидоӣ низ бекор карданд.

Танҳо дар соли 2018 ба хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ дубора баргардонида шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.