Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бар ин назаранд, ки сабаби ҳолатҳои тамбашавии воситаҳои нақлиёт ва роҳбандӣ дар Душанбе ба зиёдшавии шумори автомашинаҳо вобаста аст.
Тавре ки Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ба ҳолати 1 марти соли 2024 дар кишвар расман зиёда аз 666 ҳазор воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки қариб ду баробар зиёдтар нисбат ба 10 соли пешин аст.
Аз ҷумла, тибқи маълумоти Вазорат, шумори автомашинаҳои сабукрав дар кишвар ҳудуди 587 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
“Ин афзоиш ба зиёдшавии теъдоди аҳолии кишвар рабт дорад, ки аз 5,3 млн нафар дар соли 1991 то ба 10,2 млн нафар дар соли 2023 расид. Чунин босуръат афзудани теъдоди аҳолӣ ва автомашинаҳо ба рӯйи кор омадани мушкилоти иловагӣ дар роҳҳо боис мегардад”, - чунин мешуморанд дар ин ниҳод.
Гуфта мешавад, ин ҳолатҳои тамбашавии ҷидди воситаҳои нақлиёт субҳу шомгоҳон дар вақти авҷи равуои нақлиёт (часы пик) оварда мерасонад.
“Шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чанд соли охир бо мушкилоти тамбашавии бесобиқаи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо рӯ ба рӯ шудаанд, ки асосан дар соатҳои шулуғи субҳу шом (час пик), вақте одамон ба кору таҳсил мераванд ва ё бармегарданд, ба амал меоянд ва ҳаворо бо газҳои аз мошинҳо хориҷшуда ифлос месозанд”, - омадааст дар хабар.
Дигар сабабҳи тамбашавии воситаҳои нақлиёт
Ба иттилои манбаъ, тамбашавӣ боз бо сабабҳои зерин низ ба вуҷуд меояд:
Корҳои таъмиру сохтмон. Айни замон, тавре зикр гардид, тадбирҳои бунёдкорӣ, аз ҷумла сохтмону таъмиру таҷдиди роҳҳо дар саросари ҷумҳурӣ вусъат ёфтаанд, ки яке аз ҳадафҳои он барҳам додани тамбашавӣ дар роҳҳо мебошад.
Ҳолатҳои ғайричашмдошт дар роҳ. Ба ҳам бархӯрдани воситаҳои нақлиёт, бо сабабе аз кор мондани муҳаррики автомобил, бад шудани вазъи саломатии ронанда ё мусофир, миёнбур кардани роҳ аз тарафи пиёдагардон дар ҷойҳои манъшуда ва ғайра.
Муваққатан манъ будани ҳаракат аз тариқи ин ё он роҳ ё фаъол набудани чароғаки роҳ (светофор). Дар чунин ҳолатҳо, ки бинобар далелҳои айнӣ ба амал меоянд, вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қаблан сокинон, аз ҷумла ронандагону мусофирон ва пиёдагардонро огоҳ месозанд.
Асабонияти ронандагон. Ин ҳолат дар натиҷаи сабабҳои дигари дар боло зикршуда сар мезанад. Ронандагон саромема мешаванд, ба якдигар беист буғ (сигнал) мезананд, норозиёна ва ҳатто бо алфози қабеҳ садо мекунанд, ҳуқуқи иштирокчиёни дигари ҳаракат дар роҳро нодида мегиранд, қоидаҳои ҳаракатро дағалона вайрон карда, боиси садамаҳои нақлиётӣ мегарданд.
Садамаҳои нақлиёт
Тибқи маълумоти ВКД ҶТ, дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 садамаи нақлиётӣ (дар нимсолаи аввали соли 2023 – 492 садама) рух додааст. Дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 236 нафар ҳалок ва 570 нафар захмӣ шуданд.
Аз соли 2020 то соли 2023 дар роҳҳои Тоҷикистон 4364 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки бар асари онҳо 1692 нафар ҳалок гашта, 4776 нафар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Натиҷаҳои таҳлили Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки аксари садамаҳои нақлиётӣ бо сабабҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла баланд будани суръати ҳаракат (75%), нақзи қоидаҳои тағйири хати ҳаракат дар роҳ (45%), рондани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, набастани камарбанди бехатарӣ, гуфтугӯ бо телефони мобилӣ ҳангоми рондани мошин ва ғайра ба амал меоянд.
Тибқи гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ, ки соли 2023 нашр шудааст, ҳамасола дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон тақрибан 1,3 миллион нафар ҷони худро аз даст дода, 50 миллион нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мегиранд. Тибқи ин омор дар ҷаҳон дар ҳар 24 сония як нафар ва дар як рӯз бошад зиёда аз 3500 нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ ба ҳалокат мерасанд.
Тадбирҳо дар ин самт
Бо назардошти ин, Маҷмаи Умумии СММ бо ҳадафи кам кардани фавт ва ҷароҳат дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ, бо судури қатъномае солҳои 2021-2030-ро «Даҳсолаи амал барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ» эълон кардааст.
Дар байни омилҳои афзоиши садамаҳои нақлиётӣ дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, омили инсонӣ мавқеи аз ҳама асосиро ишғол мекунад, аз ҷумла фарҳанги пасти ронандагӣ, рафтори ношоями ронандагон ва пиёдагардон дар кӯчаҳо ва роҳҳо. Имрӯз, тақрибан 80% садамаҳои нақлиётӣ бо айби худи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ба амал меоянд.
Яке аз роҳҳои асосии ҳалли масъалаи пешгирии тамбашавӣ ва садамаҳои нақлиётӣ, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ тарғибу ривоҷ додан ва ба роҳ мондани муносибатҳои эҳтиромона байни ҳамаи иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ (ронандагони ҳама гуна воситаҳои нақлиёт, мусофирон, пиёдагардон), риояи бечунучарои қоидаҳои ҳаракат аз ҷониби ронандагон ва пиёдагардон мебошад. Ҳар як иштирокчии ҳаракат дар роҳ бояд дар хотир дошта бошад, ки тартибот дар роҳ, пеш аз ҳама, аз рафтору амали шахсии ӯ оғоз меёбад. Яъне ӯ на танҳо ҳуқуқ дорад, балки уҳдадор низ мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки барои беҳдошти вазъият ҳукумати мамлакат, Вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёт, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадбирҳо меандешанд.
Тибқи меъёрҳои байналмилалӣ роҳу пулҳои нав, аз ҷумла эстакадаҳо (роҳҳои чандқабата) бунёд гашта, роҳу пулҳои мавҷуда навсозӣ ва васеъ карда мешаванд. Шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ бештар мегардад. Мақомоти Бозрасии давлатии автомобилии ВКДва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти ҶТ тартиби ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳоро зери муоинаи қатъӣ қарор додаанд, бо ин мақсад дар роҳҳо дурбинҳо (камераҳо) насб карда шудаанд.
Всемирный банк презентовал в Душанбе Доклад о климате и развитии
Храп и апноэ во сне: как лишний вес ставит под угрозу ваш отдых и здоровье?
Япония построила школу в селе Таги Чинор в Истаравшане
Президент запустил футбольную школу и обувную фабрику на севере Таджикистана
Таджикистан в октябре поставил соседям электричество на 3,8 миллионов долларов
TİKA подарило спортинвентарь баскетболистам-колясочникам Таджикистана
"Мы ничего не знаем". Суд по делу известных политиков вновь прошел за закрытыми дверями
В Казахстане закрыли проезд по мосту между Европой и Азией
Власти Абхазии усмотрели в действиях протестующих признаки госпереворота
На каких условиях Казахстан будет приобретать энергию Рогунской ГЭС?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста