Тибқи маълумоти пешакии Тадқиқоти демографӣ ва солимии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2023 дар кишвар 16 дарсад занони издивоҷкарда ба ягон намуди хушунати гендерӣ рӯбарӯ шудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳафт соли пеш 15 дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон зимни баргузории мизи мудавваре бахшида ба ҷамъбасти маъракаи “16 рӯзи алайҳи хушунати гендерӣ” иттилоъ дод, менависад дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иттилоияе, ки ба “Азия-Плюс” ирсол намуд.
“Ин пешравии назаррас натиҷаи фаъолияти муштараки мост. Шарикии пайвастаи мо барои таъмини сармоягузории ҳамаҷониба дар баробарии гендерӣ, солимии репродуктивӣ ва ҳуқуқҳо метавонад ҳаёти занон ва духтаронро беҳтар гардонад ва рӯзномаи муштараки рушди моро пеш барад”, - зикр намудааст Дилрабо Мансурӣ.
Дар ин мизи мудаввар чаҳор самти асосии мусоидат ба баробарии гендерӣ ва пешгирии хушунати гендерӣ, аз ҷумла, муҳити ҳуқуқӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои муҳим барои натоҷёфтагони хушунати гендерӣ, ҳалли меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ ва тавонмандсозии иқтисодии занон барои баробарии гендерӣ ва коҳиши камбизоатӣ баррасӣ гардидааст.

Парвати Рамасвамӣ, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон зикр кардааст, ки “СММ ӯҳдадор аст, то соли 2030 ҳама шаклҳои хушунат зидди занону духтарон ва дигар амалҳои зарароварро қатъ кунад.
“Маъракаи “16 рӯзи фаъолият бар зидди хушунати гендерӣ” ҳар сол имконияти муҳимеро фароҳам меорад ва зарурати фаврии амал барои хотимаи хушунати гендериро таъкид мекунад”,- гуфтааст намояндаи СММ.
Кэтрин Смиттон, сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъкид кардааст, ки “мубориза бо хушунати гендерӣ бояд ҳамешагӣ бошад - аз ин рӯ, дар ҳоле ки 16 рӯзи амал мушкилотро таъкид мекунад, ҳалли он саъю кӯшиши устувор, ӯҳдадорӣ ва амали дастаҷамъиро 365 рӯз дар як сол талаб мекунад”.
Бояд гуфт, ки “16 рӯзи амал зидди хушунати гендерӣ”, як маъракаи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид амалӣ мегардад. Гуфта мешавад, ки ҳадафи маъракаи мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ҷиҳати кам кардани зӯроварӣ нисбати занон ва духтарон мебошад. Ин маърака ҳар сол аз 25-уми ноябр то 10-уми декабр идома мекунад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста