Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Литва даъват кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки барои кор дар ин кишвар айни ҳол ба 60 корманд ниёз дорад.
Аз ҷумла, 40 ҷойи кор барои кафшергар, устои барқ ва устои қубур пешбинӣ шуда, музди кор аз 1500 евро боло аст ва ҳамчунин аз ҷониби кортаъминкунанда иҷозатномаи иқомат барои ду сол ва манзили зист дода мешавад.
Аз довталабон ба ин навъи кор донистани забони русӣ, надоштани доғи судӣ, таҷрибаи кории яксола ва доштани диплом ё сертификат дар ин соҳа талаб карда мешавад.
Ин ниҳод навиштааст, барои кор дар Литва ҳамчунин 20 ронандаи нақлиёти боркашон лозим аст. Аз довталабон таҷрибаи на кам аз 1 соли ронандагӣ, доштани ҳуҷҷати ронандагии дараҷаҳои С, D, E талаб карда шуда, музди маош аз 1900 евро боло гуфта мешавад.
Аз Хадамоти муҳоҷират ба “Азия-Плюс” гуфтанд, шаҳрвандони аз 20 то 39-40-сола метавонанд муроҷиат кунанд.
Манбаъ тафсилоти дигаре надод ва гуфт, ҷузъиёти дигари кор дар Литва ҳафтаи оянда маълум мегардад.
Танҳо гуфтанд, хоҳишмандон метавонанд бо рақамҳои 225-05-75 ва 225 02 21 ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат кунанд ва таъкид карданд, ин рақамҳо рӯзҳои душанбе-ҷумъа аз соати 8:00 то 17:00 фаъол буда, рӯзҳои истироҳатӣ кор намекунанд.
Қаблан Хадамоти шуғли Литва аз афзоиши теъдоди тоҷикон дар ин кишвар иттилоъ дода, шумораи тоҷикони муҳоҷирро то 1-уми июли соли гузашта 4 ҳазору 600 нафар гуфта буд.
Бояд гуфт, аксари муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия қарор дошта, солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар ин кишвар дучор мешаванд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Аз ҷумла, ба Британияи Кабир ва Кореяи Ҷанубӣ аст. Созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея моҳи октябри соли 2024 ба имзо расид ва гуфта мешуд, ки гурӯҳи аввали муҳоҷирон шурӯъ аз соли 2025 барои кор ба Корея мераванд.
Задолженность по зарплате в Таджикистане за год выросла на 20%
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 апреля 2025 года
Более 200 тысяч человек собрались в Ватикане на похоронах Папы римского
Куда обратиться с зубной болью в Душанбе ночью?
Четыре бронзы и одно серебро. Дзюдоисты Таджикистана завоевали первые медали на чемпионате Азии
ЭСКАТО ООН приняла резолюцию Таджикистана о сотрудничестве по воде и климату
Высохли или выглядят высохшими? В центре Худжанда пожелтели листья у посаженных недавно магнолий
Таджикский шахматист выиграл серебро на домашнем турнире
Почему видеографы из Таджикистана переезжают в Дубай и чем их так привлекает этот город?
Ветровая и водородная энергетика: как опыт корейского острова Чеджу можно применить в Таджикистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста