Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини ниёзманди Тоҷикистон ба арзиши 400 ҳазор доллар кӯмаки башардӯстона мерасонад. Дар ин бора 18-уми январ Валид ибни Абдурраҳмон ар-Рушайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон зимни нишасте дар Душанбе иттилоъ дод.
Кӯмакҳо дар арафаи моҳи Рамазон аз ҷониби Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон тақдим хоҳад шуд.
Ин марказ дар доираи лоиҳаи башардӯстонаи “Сабади озуқаворӣ–2025” ба сокинон 7120 бастаи озуқаворӣ, ки вазни ҳар яке тақрибан 70 кг аст, тақдим мекунад.
“Дар ҳар баста орд, равғани растанӣ, шакар, биринҷ, лӯбиё ва дигар маҳсулоти асосии озуқаворӣ мавҷуд буда, ғизои як оилаи панҷнафараро барои як моҳ таъмин мекунад”, - гуфт сафир.
Интихоби нафароне, ки ин кӯмакро мегиранд, бо ҳамкории ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар анҷом дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи “Радиои Озодӣ” дар нишасте, ки пешниҳоди кӯмакҳо муаррифӣб шуд, сари интихоби оилаҳои нодор ва сифати озуқаворӣ баҳс ба миён омадааст.
Намояндаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар “талош кардааст рӯзноманигоронро бовар кунонад, ки кумакҳои Арабистони Саудӣ ба шахсони воқеан эҳтиёҷманд расонда мешаванд”.
“Мақомоти дахлдор, аз додситонӣ сар карда то дигар сохторҳои қудратӣ, дар бораи тақсимот дар ҷараён ҳастанд,” - гуфтааст Содиқ Аскариён, ёвари котиби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон.
Як хабарнигори Телевизиони давлатии Тоҷикистон аз он норизоӣ кардааст, ки сифати маҳсулоте, ки Саудӣ соли гузашта ба хонаводаҳои камбағал дода буд, "хуб набуд".
Сафири Арабистони Саудӣ дар посухи суоли рӯзноманигорон ҷиҳати сифати маҳсулоти тақсимшаванда гуфтааст, “онҳо пул медиҳанд, вале маҳсулотро ширкатҳои тоҷикистонӣ интихоб мекунанд”.
Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон соли гузашта низ Арабистони Саудӣ ба сокинони Душанбе дар арафаи Рамазон кӯмаки башардӯстона расонида буд.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло 21% аҳолии Тоҷикистон нодор ҳастанд. Давлат ба ин оилаҳо солона ҳамчун кӯмаки унвонии иҷтимоӣ қариб 800 сомонӣ ё 73 доллар медиҳад.
Ин бори аввал нест, ки сари сифат ва шеваи тақсимоти кӯмакҳои башардӯстона баҳс ба миён меояд.
Соли 2021 Оҷонси мубориза бо фасод истифодаи нодурусти беш аз 800 ҳазор сомонӣ кумакҳои башардӯстонаро ошкор карда, нисбат ба 31 корманди ҳукуматҳои маҳаллӣ ва беморхонаҳо парванда боз карда буд.
Бояд гуфт, Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 2015 оғоз карда, дар ин муддат лоиҳаҳои башардӯстонаи зиёд амалӣ кардааст.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста