Тоҷикистон якҷоя бо чанд давлати дигар барои мардуми Ғазза 200 тонна орди гандумӣ ҳамчун кумаки башардӯстона фиристодааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар додааст.
Ин ниҳод гуфтааст, ки ин кумак дар доираи иқдоми башардӯстонаи якчанд давлати узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) бо мақсади бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо дар Ғазза ирсол гардидааст.
Ин миқдори ёрии башардӯстонаро Тоҷикистон ҳамроҳ бо Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш дар ҳамкорӣ бо як ташкилоти хайриявии Урдун равон кардаанд. Аммо мушаххас нест, чӣ қадари он ба Тоҷикистон таалуқ дорад.
Интизор меравад, ки корвони кумаки башардӯстона давоми ду рӯзи оянда ба гузаргоҳи сарҳади Карам Абу Салам расад.
Қарор аст ин кумак, ки барои бартараф ардани камбуди ғизои тақрибан 8 ҳазор оила пешбинӣ шудааст, аз тарафи Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва дигар ниҳодҳои ин созмон тақсим карда шавад.
Ёдрас мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон барои ёрӣ ба аҳолии осебдидаи Ғазза суратҳисоби ягона кушода шуда буд.
Ин суратҳисоб бо ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва КВД “Дипсервис”-и Тоҷикистон барои расонидани кумак ба мардуми осебдидаи Фаластин ба роҳ монда шуда буд.
Суратҳисоб замимаи “Алиф.моби”-и бонки "Алиф" ҷойгир шуда, дар он то моҳи апери соли 2024 беш аз 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ шуда буд. Маълум нест, ки маблағи ҷамъоварда билохира ба мардуми Ғаза расонида шуд ё не.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста