Мақомоти Амрико то моҳи ноябри соли гузашта 1 миллиону 445 ҳазор 549 шаҳрванди хориҷиро аз кишварҳои гуногун ба рӯйхати нафароне, ки мехоҳанд аз ин кишвар ихроҷ кунанд, шомил кардаанд. Дар ин рӯйхати номи 149 шаҳрванди Тоҷикистон ҳам ҳаст. Ин рӯйхатро хабаргузории "Fox News" бо такя ба Хадамоти муҳоҷират ва гумруки ИМА (ICE) ИМА нашр кардааст.
Ба иттилои ICE, шумораи бештари афроди дар рӯйхати ихроҷбуда шаҳрвандони Гвотамоло (253 ҳазору 413 кас), Ҳандурос (261 ҳазору 651 кас), Мексика (252 ҳазору 044 кас) ва Салвадор (203 ҳазору 822 кас) мебошанд.
Ҳамчунин, дар ин рӯйхат намояндагони Чин – 37 ҳазору 908 нафар ва Русия – 3 ҳазору 518 нафар ҳузур доранд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯйхат аз ҳама бештар шаҳрвандони Ӯзбекистон 975 нафар, Қазоқистон 369 нафар, Қирғизистон 319 нафар, Тоҷикистон 149 нафар ва Туркманистон 40 нафар мебошанд.
Гуфта мешавад, ҳамаи ин нафароне, ки ба рӯйхати ихроҷ аз Амрико ворид шудаанд, ҳоло дар ҳабс нестанд, аммо қарори ниҳоӣ дар бораи ихроҷи онҳо алакай содир шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Доналд Трамп баъди бозгашти дубора Кохи Сафед аз мубориза бо "ҳуҷум"-и муҳоҷирон ба ИМА ҳушдор дод ва гуфт, ки муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ин кишвар мубориза хоҳад бурд.
Муҳоҷироне, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қарор доранд, ҳамрӯза аз амалиёти боздошт (рейдҳо) ва ихроҷи шахсоне, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ надоранд, дар ҳаросанд.
Ин тасмим аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар ин кишвар кору иқомат доранд нигаронӣ кардааст.
“Азия-Плюс” қаблан, бо чанде аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар иёлатҳои гуногуни Амрико кору зиндагӣ мекунанд, суҳбат кард ва маълум шуд, ки чӣ гуна ин тасмим президенти нави ИМА онҳоро дар лобалои тарсу умед гузоштааст. Андешаи тоҷикони муқими ИМА-ро дар ин линк хонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста