Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон расман 1-уми март оғоз шуда, сокинон то 30-уми март рӯза хоҳанд дошт. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, зуҳри имрӯз, 25-уми феврал Шӯрои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарори дахлдорро қабул кардааст.
Тибқи қарори Шӯрои уламо, имсол маблағи фитри рӯза, закот ва фидя нисбати соли гузашта бештар шудааст:
- фитри рӯза - 8 сомонӣ (2024 - 7 сомонӣ);
- нисоби закот - аз 36 ҳазор сомонӣ 900 сомонӣ (2024 - аз 35 ҳазору 275 сомонӣ 880 сомонӣ);
- фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ - 480 сомонӣ барои 30 рӯз, барои як рӯз 16 сомонӣ (2024 - 420 сомонӣ барои 30 рӯз, барои як рӯз 14 сомонӣ).

Соли гузашта, моҳи Рамазон 11-уми март оғоз гардида, 10-уми апрел Иди Рамазон таҷлил гардида буд. Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад.
Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон Иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.
Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.
Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.
Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста