Рӯзҳои 8 ва 9-уми марти соли ҷорӣ аз соати 8-и субҳ то 17-и бегоҳ дар баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Душанбе интиқоли барқ қатъ мешавад. Дар ин бора Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Манбаъ гуфтааст, ки барқ бо сабаби “гузаронидани корҳои таъмирӣ” қатъ мешавад, вале шарҳ дода нашудаст, ки мушаххас чӣ корҳои таъмирӣ ва дар кадом қисмат гузаронида мешавад.
Ин ниҳод гуфтааст, давоми ду рӯз барқ дар чунин хиёбон ва кӯчаҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ қатъ мешавад:
- хиёбони Рӯдакӣ;
- кӯчаи Исмоили Сомонӣ;
- кӯчаи Лоиқ Шералӣ;
- кӯчаи Мирзо Турсунзода;
- кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ;
- кӯчаи Некрасов;
- кӯчаи Бохтар;
- кӯчаи Ойгул;
- кӯчаи Маҳмадулло Холов;
- кӯчаи Пушкин.
Ҳамчунин, барқ дар биноҳои ҶСП “Ориёнбонк”, Иттифоқи нависандагон, меҳмонхонаҳои Авесто, Тоҷикистон, биноҳои Маҷлиси Олӣ, хонаи Радио, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти алоқа ва Вазорати мудофиа қатъ мешавад.
“Вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад”, - гуфтааст Шабакаҳои тақсимоти барқи пойтахт.
Дар ҳоли ҳозир ба истиснои Душанбе дар дигар минтақаҳоли кишвар лимит ҷорӣ аст.
Вале гоҳ-гоҳ сокинони Душанбе ҳам аз қатъи барқ шикоят мекунанд, ки мақомот онро ба корҳои “профилактикӣ” ё таъмир рабт медиҳанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста