Инак, 10 рӯз мешавад моҳи Рамазон шурӯъ шудааст ва мусулмонон давоми як моҳ рӯза медоранд. Рӯзадорӣ яке аз панҷ рукни асосии дини Ислом аст ва барои мусулмон доштани он фарз мебошад. Ба ин муносибат  “Азия-Плюс” аз Шӯрои уламои Тоҷикистон хост, ки ба 10 саволи муҳим дар робита ба моҳи Рамазон, ки ба ҳар мусулмон муҳим аст, посух диҳанд. Инак, посухи онҳоро манзури хонандагон мекунем.

 

- Рӯза гирифтан аз чандсолагӣ фарз мешавад?

Рӯза гирифтан аз замони булуғ, яъне барои писар аз дувоздаҳсолагӣ ва барои духтар аз нуҳсолагӣ фарз мешавад.

- Дар моҳи Рамазон чӣ қадар вақт хобидан мумкин аст? Агар ин хоб боиси қазо шудани намоз шавад, чӣ ҳукм дорад?

- Чӣ миқдор хобидан дар моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби шариат муайян нашудааст, вале бидуни узр хоби бисёр рафтан, ки сабаби қазо шудани намоз гардад гунаҳгор мешавад. Инчунин, аз ҷиҳати танбалӣ ба намоз ва дигар корҳои нек эътибор надиҳад, гунаҳгор мегардад.

- Оё ҳангоми рӯзадорӣ пошидани атр (барои зану мард) мумкин аст?

Оре, мумкин аст, алалхусус дар намозҳо боке надорад.

- Оё ҳангоми рӯзадорӣ дандон шустан мумкин аст?

Мумкин аст, вале бе истифодаи хамираи дандоншӯӣ. Истифодаи хамираи дандоншӯӣ макрӯҳ аст, аммо истифода аз мисвоки табиӣ боке надорад.


 

- Агар дар моҳи рамазон мусалмон дандон канад, рӯзааш мешиканад?

Агар дар вақти кандан сӯзандору истифода бурда шавад, рӯзааш мешиканад.

- Оё ҳангоми рӯзадорӣ ба худ сӯзандору гузаронидан ва истифода бурдани доруи қатраҳои чашм ҷоиз аст?

Истифодаи доруи чашм рӯзаро намешиканад, аммо сӯзандору рӯзаро мешиканад.

- Оё дар моҳи Рамазон издивоҷ кардан мумкин аст? Дар моҳи Рамазон ҷимоъ дар кадом вақт иҷоза дода мешавад?

Издивоҷ дар моҳи Рамазон дуруст аст, вале ҳамбистарӣ бо ҳамсар аз субҳи содиқ то фурӯ рафтани офтоб дуруст нест.

- Мусулмоне, ки рӯзаро дар як кишвар оғоз карда, баъд ба кишвари дигар рафта бошад, дар сурати дар байни кишварҳо фарқияти вақт вуҷуд доштан, (яъне як рӯз пеш ё баъд шурӯъ шудани моҳи Рамазон) кай бояд ид кунад?

- Мусулмон дар ҳар кишваре, ки зиндагӣ кунад, ба суханони уламои ҳамон кишвар амал мекунад. Дар ин сурат бояд давомнокии рӯза аз 29 рӯз кам нашавад ва аз 30 рӯз зиёд нашавад.

- Оё ҳангоми рӯзадорӣ хун додан мумкин аст?

Бале, хун додан дар ҳолати рӯза мумкин аст, ба шарте ки ба хундиҳанда зарар нарасад.

- Оё қай кардан (партофтан) рӯзаро мешиканад (агар шахс тасодуфан қай кунад)?

Агар ба пурии даҳон қай кунад, рӯза мешиканад, дар акси ҳол рӯза дуруст аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.